Аз гӯшти аспу уштур хӯред: тавсияҳои нашрияи бритониёӣ ба мусофирони шоҳроҳи Помир

© Фото : Юлия ДулибаОстановка на Памирском тракте, Таджикистан
Остановка на Памирском тракте, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
The Telegraph, нашрияи бритониёӣ ба гардишгарони ҷаҳон тавсия додааст, ки бо асабҳои хароб ба шоҳроҳи Помир сафар накунанд. Онҳо роҳ ба Помирро чун як ҷоддаи мушкилгузар ба қалам додаанд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нашрияи бритониёӣ The Telegraph ба гардишгароне, ки ба шоҳроҳи Помир ба воситаи автомобил сафар мекунанд  таҷрибаи экстремалӣ ваъда кардааст.

Муаллифони мавод шоҳроҳро чун роҳи бефаршу серсанг ва дағал тасвир кардаанд, ки барои нафарони асабашон заиф нест. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми сафар аз кор баромадани худрави сайёҳон истисно нест.

Малика Шукурова - Sputnik Тоҷикистон
“Помир маро мафтун кард”: блогердухтар мухлисонашро ба омӯзиши забони шуғнонӣ даъват кард

Аммо рӯзноманигорон навиштаанд, ки шоҳроҳ аз устоҳои чирадасти мошин низ холӣ нест, ки кӯмаки худро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар мақола гуфта мешавад, ки дар он тарафи роҳ Афғонистон аст, аммо ин тарафи роҳ бехатар мебошад.

Ба гардишгарон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар аз гӯштҳои асп, уштур ва қӯтос истифода кунанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта нашрияи русӣ шоҳроҳи Помирро ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон ворид карда буд. Ба иттилои манбаъ, бештари ронандагон ин шоҳроҳро интихоб мекунанд.

Маҷаллаи амрикоии  National Geographiс Traveler низ хатсайрро ба раддабандии сайёҳӣ ворид карда буд.

Ёдрас мешавем, ки роҳ ба Помир дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баландкӯҳтарин ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0