12:59 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
444530

Мудели шинохтаи тоҷик Сабрина Зуҳурова ба даври ниҳоии озмуни "Зебосанам - 2019" роҳ ёфту талош дорад ғолиб шуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Сабрина Зуҳурова азм дорад дар озмуни ватанӣ ҷои аввалро ишғол кунад ва бо ҳазинаи ин озмун, ки 5000 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ба озмуни ҷаҳонии зебоӣ роҳ ёбад ва Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

"Ҳоло ба даври ниҳоии озмуни «Зебосанам-2019» омодагӣ дида истодаам. Ростӣ намедонам дар бахши ниҳоӣ чӣ шарту шароите мешавад. Ман аллакай пироҳанҳои навро фармоиш додам. Кӯшиш  мекунам дар даври ниҳоӣ, соҳиби "Тоҷи асосӣ" шавам. Чун маблағи озмун ба ман барои ширкат дар озмуни ҷаҳонии зебоӣ, ки танҳо дархосташ 6000 доллари амрикоӣ нарх дорад, лозим аст",-гуфт Сабрина Зуҳурова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва афзуд, ки борҳо аз ҷониби намояндагони дигар давлатҳо ба ӯ пешниҳоди муаррифии кишварҳои бегона дар сатҳи ҷаҳон шуда буд, вале Сабрина рад кард.

Даври ниҳоии озмуни "Зебосанам - 2019" моҳи март, дар остонаи ҷашни Наврӯз ҷамъбаст хоҳад шуд. Феълан баргузоркунандагони озмун дар бораи духтароне, ки ба финал роҳхат гирифтанд, филмҳои кӯтоҳ ба навор мегиранд. Сабрина мегӯяд ба ғолибияташ боварӣ дорад, вале рақибонаш ҳам пурзӯранд.

"Ҳамаи духтароне, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ҳам зебову ҳам чусту чолоканд. Ман омодагии ҷиддӣ мебинам ва умед дорам доваронро ин бор ҳам шигифтзада кунам",- бовар дорад Сабрина.

Сабрина мегӯяд аз баҳогузории доварон: корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, овозхон Фахриддини Малик, ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова ва коргардон Соро Музофиршоева розӣ аст ва арзёбии онҳоро одилона медонад.

"Ман дар озмунҳои зиёд - берун аз кишвар низ ширкат кардаам ва гуфта метавонам, ки озмуни "Зебосанам - 2019" бисёр ҷиддӣ гузашт. Ба мисли озмунҳои сатҳи баланд", - изҳор дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Сабрина Зуҳурова.

Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар «Зебосанам-2019» аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Зебо ва сухандон: Мунира доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Ёдрас мешавем, ки Сабрина Зуҳурова Тоҷикистонро дар Озмуни зебоии “Miss Tourism World” , ки аз 20 август то 10 октябри соли равон дар Чин  доир гардид, намояндагӣ кард. Зебосанами тоҷик чанд даврро гузашта, ба сафи “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуд. Дар ин давр доварон аз Сабрина хоҳиш кардаанд, ки дар саҳна бо “бикини” бирақсад, вале Сабрина рад карда, гуфтааст, ки барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар мебошад.

Мавсуф зикр кард, ки  ният дорад соли 2020 дар як озмуни бонуфуз иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Ин зебосанами феълан намояндаи расмии озмунҳои зебоӣ дар Тоҷикистон буда, аз ин пас метавонад духтаронро ба давлатҳои хориҷӣ барои иштирок дар озмунҳои зебоӣ  ҳидоят созад.

Мавриди зикр аст, ки то ин вақт Сабрина дар чандин озмунҳои зебоӣ ширкат кардаву пирӯз шудааст.

Барчаспҳо:
даври ниҳоӣ, озмун, зебосанам

Мавзӯъҳои асосӣ