Шикваи Зулайхо аз мардони муфтхӯр: "фақат дасти худамро мебӯсам"

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева мегӯяд, дар ҷаҳони имрӯз нақши марду зан иваз шудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева овозхони номдори эстрадаи тоҷик аз мардони муфтхӯр шиква дорад.

Ӯ мегӯяд, имрӯзҳо занон мардонавор талоши зиндагӣ мекунанд, вале мардон паси зону менишинанду сарвату савлати муфт мехоҳанд.

Рӯзи офтобӣ, ҷаҳони ишқ ё ҳунарнамоии Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

Зулайхо мегӯяд, дар зиндагӣ фақат бо дастони худ кор кардаасту ҳамаи дастовардҳояш ҳосили меҳнати ӯст.

Зулайхо Маҳмадшоева зеботарин лаҳзаи зиндагиашро нишон дод - акс

"Дунё мисле, ки дигар шудааст. Занон мардонавор талоши зиндагӣ мекунанд, вале мардон паси зону менишинанду сарвату савлати муфт мехоҳанд. Дар зиндагӣ фақат бо дастони худат дару дарвозаҳои ояндаро боз кун, мунтазири касе мабош. Шонаҳои занонаи нозуки манро қисмат аз дастони басо номардҳо сахту устувор кардааст. Фақат дасти худамро мебӯсам, чун фақат худам барои худам талош кардаму мекунам", - навиштаааст Зулайхо дар саҳифааш дар Instagram.

Пештар ин овозхони тоҷик дар шабакаҳои интернет ба ҳамвандонаш тавсия дода буд, ки ба гапи мардум гӯш надиҳанд.

Зулайхо Маҳмадшоева - Sputnik Тоҷикистон
Зулайхо Маҳмадшоева: аз хурдӣ пайрави Манижа Давлат будам

Насиҳати Зулайхо Маҳмадшоева ба мардуми Тоҷикистон

"Ба фикри мардуми атроф ту доим фарбеҳи бад, лоғар, қадпаст ё хеле баланд ва ҳоказо ҳастӣ. Туро то охири умр ғайбат мекунанд, барои ин бояд тарзе зист, ки ту мехоҳӣ", - навишт Зулайхо дар саҳифааш дар Instagram.

"Балҷувон": Зулайхо аз муҳаббат, зулми хушдоман ва ноадолатии замон сароид - навор

Ахиран Зулайхо Маҳмадшоева намоҳанги ҷадиди худро таҳти унвони "Балҷувон" дар Соли нав пешкаши мухлисонаш кард.

Дар ин намоҳанг овозхон аз муҳаббат, зулми хушдоман ва ноадолатии замон сароид.

 

Лентаи хабарҳо
0