Назаров дар бораи самимияти Шабнам, меҳмоннавозии Зикриаллоҳ ва ягона генийи Тоҷикистон

Обуна шудан
Парвиз Назаров овозхони машҳури тоҷики муқими Қазоқистон дар бораи нахустин қадамҳои Шабнами Сурайё ба саҳна гуфт

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Парвиз Назаров сарояндаи машҳури тоҷик дар гуфгугӯи мустақим бо рӯзноманигори тоҷики муқими Маскав - Аслишо Акимбеков дар бораи беҳтарин сарояндагони Тоҷикистон гуфт.

Ба гуфти Парвиз дар Тоҷикистон сарояндагони боистеъдод зиёданд, вале гений миёни онҳо фақат яктост.

"Шабнами Сурайё, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Баҳроми Ғафурӣ - ин сарояндагоне ҳастанд, ки ман шахсан бо онҳо ошно ҳастам. Онҳо касбият доранд. Масалан дар манзили Зикриаллоҳ мо меҳмон ҳам шуда будем. Ӯ бисёр меҳмоннавоз ва мусиқачии хуб аст. Вале, гений яктост ин - Далер Назаров аст", - гуфт Парвиз.

Ӯ аз нахустин қадамҳои Шабнами Сурайё ба саҳна ёдовар шуда, гуфт Шабнам нахустин бор дар консерти ӯ овозхонӣ кардааст.

Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

"Соли 2010 мо ба Помир сафар карда будем ва Шабнами Сурайё низ ҳамроҳамон буд. Ӯ бисёр духтари самимӣ ва боистеъдод аст. Мо дар Помир аз наздик ошно шудем. Шабнам сарояндаи хуб аст", - гуфт Парвиз Назаров.

Дар ин мусоҳиба Парвиз ҳамчунин чанд сурудҳояш мисоли "Улетаю" - ро сароид.

Парвиз Назаров соли 1971 дар Маскав ба дунё омада, касбаш рассомист ва ҳатто ду сол ба ҳайси мултипликатор дар студияи "Тоҷикфилм" кор кардааст. Вале Парвиз баъди ин рассомиро ба хотири мусиқӣ партофт ва соли 1987 гуруҳи "Адвокат" ва соли 1989 гуруҳи "Парвин"-ро таъсис дод.

Сӣ сол дар саҳна: Парвиз Назаров барои консертҳои идона ба Тоҷикистон омад

Парвиз Назаров соли 1993 ба Алма-Ато кӯчид ва инак қариб 27 сол сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. Парвиз Назаров муаллифи беш аз 10 албом ва таронаҳои хите, чун "Еду на юг", "Чарх бизан", "Лети", "Ангел", "Райҳон" (ҳамроҳ бо хоҳараш Ситора Назарова), "Беги" ва даҳҳо таронаи дигари пуршунаванда мебошад.

Аз ангуштшумор овозхонҳои тоҷик аст, ки таронаҳояш дар шабакаҳои телевизионии Русия низ намоиш дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0