06:03 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1534 0 0

Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавони машҳури тоҷик, дар бораи фаъолияти ҳунарӣ, тарси фаромӯш шудан ва баргузории консерт дар Душанбе нақл кард

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мадина Ақназарова дар барномаи "Муҳити зинда"-и Мубориз Усмонов гуфт, азм дорад тобистони имсол дар шаҳри Душанбе консерти яккаи худро баргузор кунад.

"То ин дам консертҳои ман дар чандин шаҳрҳои дунё баргузор шудааст, вале аз чӣ бошад, ки дар Душанбе нав мехоҳем баргузор кунем, ки боз чизе халадор мешавад", - гуфт Мадина ва изҳори умед кард, ки тобистони имсол ин нақшаашро амалӣ месозад.

Мадина Ақназарова тоҷикони Маскавро ба "по" хезонд - видеои консерт

Мадина мегӯяд шӯҳратёр будан душвор аст, вале дастгирии мухлисон ӯро шод мекунад.

"Машҳур будан бисёр мушкил ҳаст, вале гуворост. Ҳамаи касбҳо ҷонибҳои мусбат ва манфӣ дорад. Ман шодам, ки имрӯз ба ин мартаба расидам ва маро тамошобинам дастгирӣ мекунад", - гуфт Мадина Ақназарова.

Мадина фаъолияти ҳунариашро аз даврони таҳсил дар мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов оғоз кардааст. Сароянда гуфт кадом суруд ӯро машҳур кард.

Қисме аз торти Мадина Ақназароваро дар Маскав 1000 сомонӣ нарх карданд - аксҳо

"Ман он замон дар театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекардам ва бо операи Дамир Дустмуҳаммадов "Қишлоқи тиллоӣ" дастрасам шуд. Ин суруди "Ай ёр, ёр" буд", - гуфт Мадина ва афзуд, ки маҳз ҳамин суруд ӯро машҳур кард.

"Ман тарс доштам, ки пас аз ин суруд дигар наметавонам тамошобинонро дар ҳайрат гузорам ва фаромӯш мешавам, вале чунин нашуд", - гуфт Мадина.

Суруди дуюми Мадина "Бирақсем", буд, ки шуҳрати сарояндаро дучанд кард.

Мадина ҳунарнамоияшро дар барнома бо суруди "Ту будӣ", ки муаллимаш Муслим Қосимӣ ба ӯ ҳадя кардааст оғоз кард.  Ӯ сурудҳои "Ай ёр", "Шаб чу дар бастам" - и Аҳмад Зоҳир ва суруди "Сайри Бадахшон" - ро дар давоми барнома иҷро кард.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

Ӯ орзу дорад дар зиндагӣ бо кори дӯстдошта машғул бошад - ҳунарнамоӣ кунад, оилаи қавӣ барпо намояд ва инсони хушбахт шавад.

Барчаспҳо:
барнома, суруд, Мадина Ақназарова

Мавзӯъҳои асосӣ