Маслиҳати Нигина Амонқулова ба мардуми Тоҷикистон дар робита бо COVID - 19 - аксҳо

© © Sputnik / Амир ИсаевНигина Амонкулова
Нигина Амонкулова  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи номдори эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова ба мардуми Тоҷикистон маслиҳат дод, ки чӣ гуна дар ин рӯзҳои мушкил бояд вақти худро ба фоида гузаронид

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Нигина Амонқулова мегӯяд, дар ин рӯзҳои мушкил мардум набояд вақти худро бо хондани хабарҳои манфӣ дар бораи бемории коронавирус гузаронанд, балки бо хондани китоб ва сайру гашт машғул шаванд.

"Биёед ҳама инрӯзу ин соат шоду ва барои ҳар нафас шукргузор бошем. Биёед аз хондани маълумоти манфӣ худдорӣ кунем. Китоб хонед, ба машқи бадан машғул шавед ва истироҳат намоед", - навиштааст Нигина ва аз мардум даъват кардааст, ки ба саломатии худ диққат диҳанд ва ҳавои манзилашонро тоза кунанд.

Публикация от Nigina Amonqulova (@nigina_amonqulova)

Аз аксҳое, ки Нигина Амонқулова ҳамроҳи ду писараш дар саҳифааш дар Instagram нашр кардааст, дида мешавад, ки чӣ гуна сароянда бо аҳли хонаводаи худ вақт мегузаронад ва дар ҳавои тоза сайру гашт мекунад.
Ёдрас мешавем, ки дар робита бо паҳншавии густурдаи коронавирус дар ҷаҳон, барномаҳои чандин сарояндагони тоҷик аз ҷумла Нигина Амонқулова лағв шуда буд.
Консерти ҳунарии Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик, мебоист рӯзҳои 11 ва 12 март дар Исроил доир шавад.

Қаблан хабарҳо шуда буд, ки барномаи ҳунарии Нигина санаи 11-12 март дар шаҳрҳои Холон ва Рамла Исроил бояд доир мешуд.

Гуфта мешуд, ки барномаи ҳунарии Нигина бо овози зинда сурат гирифта, консертҳояш бо ширкати ҳафт навозанда гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0