19:33 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
9290110

Шабнам Музофиршоева мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кард

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Шабнам аз хурдӣ дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва соли гузашта мақсад гузошт, ки мактабро бо медали тилло хатм кунад. Ӯ орзу дорад шахси сарватманд шавад ва ба бечорагону бенавоён кумак кунад.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хонаводаи Шабнам дар бораи муҳоҷират, тарбияи фарзанд ва кумаки хешовандону медали тилло нақл кард.

Муҳоҷират ба Маскав

Хонаводаи Музофиршоевҳо соли 2012 ба Маскав кӯчид. Онҳо то ин дам дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Падари хонавода Нодалеб ва модар Гулсият ҳарду соҳиби маълумоти олӣ дар Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии заминсозӣ "Тоҷикзаминсоз" кор мекарданд. Нодалеб мегӯяд зиндагиашон дар пойтахти Тоҷикистон хуб буд, вале онҳо манзили шахсӣ надоштанд ва музди меҳнаташон танҳо барои рӯзгузаронӣ басанда буда халос. Хонавода ба хотири харидани манзил ва беҳбуди зиндагӣ ба Маскав кӯчид.

Аввал хонавода хост Шабнамро дар назди хешовандон монанд вале меҳру муҳаббат нисбати фарзанд нагузошт, ки волидон фарзандашонро тарк кунанд.

"Мо дарк мекардем, ки албатта дар Маскав бо касби худ кор нахоҳем кард, вале ин танҳо роҳе буд, ки мо метавонистем соҳиби хонаи худӣ шавем. Мо ҳамин як духтар - Шабнамро дорем, чун дар бораи мушкилҳиои муҳоҷират ва махсусан ба мактаб додани кӯдакон дар Маскав бисёр шунида будем, ҳангоми кӯчидан масъалаи гирифтан ё нагирифтани ӯ бархост. Ростӣ диламон нашуд, ки ӯро ҳамроҳи касе монем", - нақл мекунад падар.

Он замон Шабнам синфи серо хатм кардаву ба синфи 4 қадам мегузошт. Вақте хонавода ба Маскав кӯчид даррав ба чанд мактаб муроҷиат кард, вале бо сабабҳои пур будан духтаракро қабул накарданд. Вале, муҳоҷирон талошро барои соҳиби маълумот кардани фарзандашон идома медоданд ва дар охир муваффақ шуданд. Маъмулан хонандагоне, ки аз Тоҷикистон ба Маскав меоянд, як сол поёнтар қабул мешаванд, вале Шабнамро ҳатто бе имтиҳон ба мактаб гирифтанд. 

"Рӯзи 30 август буд. Мо ба мактабе дар ноҳияи Коломинский рафтем ва он ҷо бе ягон чуну чаро ҳуҷҷатҳои Шабнамро қабул карданд. Ростӣ баҳоҳои духтарам он вақт ҳам аъло буд ва аз ӯ ҳатто имтиҳон ҳам нагирифтанд", - гуфт муҳоҷир.

Некӣ боз мегардад

Замоне, ки ханаводаи Музофиршоевҳо дар Душанбе ба сар мебурданд, чанд насли донишҷӯёнро аз ҳисоби хешу ақрабо, ки аз ноҳияҳои дурдасти ВМКБ барои таҳсил ба пойтахт меомаданд, саробонӣ мекарданд. Ҳамин буд, ки некиашон ба онҳо бозгашту дар Маскав оилаи онҳо ба мушкилие рӯ ба рӯ нашуд.

"Вақте, мо ба Маскав кӯчидем, яке аз он донишҷӯёне, ки ҳамроҳам дар Душанбе зиндагӣ мекард, ба мо хеле кумак кард. Солҳои аввал духтарамонро ба мактаб мебурду мегирифт. Умуман агар инсон некӣ кунад, бетардид кумакаш ба ӯ бозмегардад", - бовар дорад Нодалеб.

Солҳои аввал падар ва модари хонавода дар соҳаҳои хизматрасонӣ кору фаъолият мекарданд. Ва чанд соли охир бо касбият ва дониши худ Нодалеб дар заводе ба кор даромад ва ба зинаҳои баланди корӣ низ расид, то замоне, ки Маскав низ ба гирдоби ҳамагирии COVID - 19 дучор шуд ва ӯ бекор монд, вале замоне, ки ин мавод омода мешуд, падари хонавода аллакай ҷои кори нав пайдо кард.

Айни замон Шабнам ва падараш ҳуҷҷатҳояшонро барои гирифтани шаҳрвандии Русия супоридаанд ва моҳи август бояд ВНЖ гиранд. Падари Шабнам мегӯяд, ин ҳуҷҷатро на ба хотири худ, балки барои осонтар шудани буду бош барои духтараш дар Маскав супоридааст. Волидони духтар мехоҳанд пас аз хатми донишгоҳи духтарашон ба Ватан - Тоҷикистон бозгашта он ҷо зиндагӣ кунанд. 

Ватандӯстии Шабнам ва узрхоҳии муаллим

Падари хонавода мегӯяд, дар тарбияи фарзанд аз кӯдакӣ талош мекарданд. Шабнам аз се солагӣ дар яке аз боғчаҳои русии шаҳри Душанбе тарбия мегирифт ва ҳамин забондонию муҳити интернатсионалӣ барои унс гирифтан бо ҳамсинфони нав дар Маскав ба ӯ хеле кумак кард.

Шабнам с родителями
из архива Мусофиршоева Нодалеба
Шабнам с родителями

"Модари Шабнам иқтисодчӣ ҳаст ва ӯ ба таълиму тарбияи Шабнам аз кӯдакӣ диққат медод. Ростӣ дар Маскав Шабнам бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуд. Боре ҳам ӯ шикоят намекард, ки ҳамсинфонаш ӯро таҳқир карда бошанд ё чизеи дигар. Ҳатто пас аз ду моҳи таҳсилаш дар мактаби Маскав роҳбари синфаш ба мо гуфта буд, ки ӯ хеле зуд бо ҳамсинфонаш унс гирифт ва аз онҳо пеш ҳам гузашт. Дар ҳамаи маҷлисҳои волидон омӯзгорони Шабнам ӯро тавсиф мекарданд ва ягон бор шикояте накардаанд", - гуфт падари хонавода.

Шабнам дар баробари духтари доно ва бомаърифат будан, бисёр ватандӯст аст. Ӯ аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки чӣ гуна муаллиме ба иззати нафси ӯ расид ва баъдан узрхоҳӣ кард.

Шабнам в первом классе
из архива Мусофиршоева Нодалеба
Шабнам в первом классе
"Муаллимамон чизе дар бораи ронандагони тоҷик гуфт ва ман ба назди ноиби директор рафта шикоят кардам. Дар охир муаллим аз ман узрхоҳӣ кард", - гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Шабнам.

Медали тилло ва нақшаҳои оянда

Тобистони имсол Шабнам Музофиршоева мактаби рақами 2-и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кард. Феълан Шабнам барои супоридани имтиҳони умумирусиягӣ барои хатмкунандагон ё ЕГЭ омодагӣ мебинад. Медали тилло барои дохил шудан ба мактаби олӣ ба Шабнам кумак хоҳад кард. Ӯ мехоҳад ҳуҷҷатҳояшро ба ягон донишгоҳи бонуфузи Маскав супорад ва дар риштаи реклама ва равобити иҷтимоӣ соҳибкасб шавад.

Таджикская девушка закончила школу с золотой медалью
из архива Мусофиршоева Нодалеба
Таджикская девушка закончила школу с золотой медалью
"Ман аз хурдӣ бо баҳои аъло мехондам. Вақте дар синфи 10 будам мақсад гузоштам, ки мактабро бо медали тилло хатм кунам ва чунин ҳам кардам. Медал барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ кумак мекунад - чанд бали иловагӣ ба ЕГЭ зам мешавад. Медалро бароямон дар маросими вижае, ки ба хотири хатмкунандагони аълочӣ баргузор мешавад, хоҳанд супорид. То ҳол рӯзи маросим дар бастагӣ ба ҳамагирии коронавирус дақиқ нашудааст. Ман мехоҳам ихтисоси реклама ва равобити иҷтимоиро пеша кунам", - гуфт Шабнам.

Музофиршоева Шабнам Нодалебовна 25 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз соли 2004 то соли 2009 дар боғча тарбия гирифтааст. Аз соли 2009 то соли 2012 дар бахши русии мактаби рақами 78 шаҳри Душанбе таҳсил кардааст.

Соли 2012 ҳамроҳи хонаводааш ба Маскав кӯчида, соли 2020 мактаби рақами 2-и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кардааст.

Шабнам гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филмҳо ва бозӣ дар КВН-ро дӯст медорад. Ӯ орзу дорад дар оянда шахси сарватманд шавад ва ба бечорагону бенавоён кумак кунад.

Барчаспҳо:
синфи 11, медали тилло, мактаб, муҳоҷирон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ