22:22 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
356840

Музаффари Имомдод, ризокор, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Цавор куен" (Чор кӯҳ) дар Facebook дар бораи вазъи COVID - 19 дар ВМКБ, кумаки хайрхоҳон ва 11 соли ихтиёрӣ буданаш гуфт

ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik, Нилуфар Некқадам. Музафари Имомдодро корбарони Facebook чун шахси фаъоли ҷамъиятӣ ва ризокори ҳамеша омодаи кумаку ёрӣ мешиносанд. Ӯ аз рӯзҳои аввали шуюи COVID - 19 дар Тоҷикистон, ба хайрхоҳон муроҷиат карда, бо маблағи ҷамънамуда ба табибони Суғду, Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак кард.

Ҳар рӯз дар саҳифааш дар Facebook наворе дар бораи расонидани кумак ба табибони ин ё он минтақаи кишвар пайдо мешавад. Чун худи ӯ мегӯяд, "бояд хайрхоҳон бидонанд ва бубинанд, ки маблағи онҳо дар куҷо ва чӣ гуна ҳазина мешавад".

Аз Русия то Африқо

Дар Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли 2020 расман 15 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт гардид. Пас аз як рӯз Музаффар бо наворе барои ҷамъ овардани маблағ барои кумак ба пизишкон ба мардум муроҷиат кард. Ба гуфти ӯ бародарони саховатпеша аз Русия то Африқо занг мезаданду маблағ равон мекарданд.

"Аввал бародарон аз Русия ва аз худи Тоҷикистон кумак карданд. Баъдтар аз Олмон, Африқо, Амрико ва дигар кишварҳо низ маблағ равон карданд. Пас аз се рӯзи муроҷиат мо маблағи ирсолкардаро гирифта, 70-дона либоси вижаи муҳофизатӣ харидем ва ба пизишкони навоҳии гуногун аз Ҷилликул то шаҳри Хуҷанду Ёвон расонидем. Пули равоннамудаи хайрхоҳон дар умум наздики 50 ҳазор сомонӣ шуд. Аз ин маблағ аз номи ризокорони ВМКБ ба зарадидагони фоҷиаи Хуросон 10 ҳазор сомонӣ равон карда шуд", - гуфт Музаффар.

Музаффар аз он изҳори хушнудӣ мекунад, ки мардуми тоҷик ҳиммати баланд доранд ва саховатпешаанд.

"Ростӣ ман бо мардуми хайрхоҳамон ифтихор мекунам", - мегӯяд ӯ ва ба ҳамаи ашхоси саховатпеша ва ихтиёриён, барои хизматашон изҳори сипос мекунад.

Вазъи COVID - 19 дар ВМКБ: аз воҳима то оромии рӯҳӣ

Музаффар рӯзи 9 май барои кумак ба пизишкон ба ВМКБ сафар кард ва инак беш аз ду моҳ мешавад, ки ӯ дар хизмати халқ аст. Ба фикри ӯ? маризии коронавирус худ онқадар вазнин нест, вале ваҳму воҳимааш барои фаҳмиш душвор аст.

"Рӯзҳои аввал мардумро ваҳму воҳима пахш карда буд. Онҳо дар бораи маргу мир аз ин маризӣ, ки бахусус дар кишварҳои Урупо зиёд буд, шунида буданд ва ба таҳлука афтода буданд",-изҳор дошт ӯ.

Музаффар ҳамроҳи дигар ризокорон барои кумак ба пизишкон қариб ба ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ва қишлоқҳои дурдаст сафар карданд. 

"Мо аз қишлоқҳои ноҳияи Ванҷ, Рӯшону Бартанг, Шуғнону Ишкошим ва то Мурғоб сафар карда, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, маҳлулҳои зиддиуфунӣ бурдем. Фақат Язгулом ва қишлоқҳои болоии ноҳияи Шоҳдара мондааст, ки насиб бошад пас аз се рӯз бо кумаки вижа барои хонаводаҳои ниёзманд, сафар хоҳем кард", - гуфт Музаффар.

Мусоҳиб мегӯяд вазъияти беморӣ дар ВМКБ дар ягон ҷо вазнин набуд, чун аз рӯзҳои аввал ҳам духтурон ва ҳам ризокорон барои пешгирии он кори зиёде анҷом доданд. Созмонҳои гуногун аз қабили Бунёди Оқохон оид ба тандурустӣ, ширкати Памир энерҷӣ ва Ҳукумат барои пешгирии беморӣ кумак карданд.

"Чун зичии аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ бештар аст, ин ҷо маризон бештар буданд. Дар водии Бартанг дар кишлоки якум - Шуджанд танҳо як бемор буд. Шукри Худо дар дигар деҳаҳои Бартанг нафаре бемор набуд. Мо ба қишлоқҳои дурдасти Бартанг аз номи Ҳукумат се либоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва аз номи ризокорон ниқобҳоро бурдем", - нақл кард Музаффар .

Дар ВМКБ то 20 июни соли равон барои пешгирӣ аз паҳншавии густурдаи коронавирус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҳдудиятҳо - равуо миёни навоҳӣ ва шаҳри Хоруғ, ҷорӣ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад мардуми ин вилоят ба зиндагии муқаррарии худ бозгаштааст.

"Феълан мардум бе ҳарос ба корҳои саҳроӣ ва хоҷагидорӣ машғул ҳаст. На бузургсолон ва на ҷавонон дигар аз ин беморӣ ҳарос надоранд, чун дарк карданд, ки он ҳам мисоли зуком гузаранда аст, албатта на барои ҳама", - гуфт Музаффар ва афзуд, ки мардум рӯҳан ором шудаанд.

 Чаро ВМКБ барои роҳ надодани COVID - 19 омода набуд?

Коронавируси навъи COVID - 19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва бар пояи гузориши расмӣ ба Тоҷикистон пас аз 4 моҳ, 30 апрели соли 2020  расид. Мебоист Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ҳаматарафа омода мешуд. Музаффар мегӯяд "қаҳрамонони рӯз" - пизишкон барои мубориза бо ин маризӣ омода буданд, вале имконияти пешгирии онро надоштанд.

"Фикр мекунам пизишкон барои табобати маризони коронавирус омода буданд, аммо лавозимоти муҳофизатӣ ва доруву даво надоштанд. Чун ба ҳар қишлоқе, ки мо сафар мекардем ва ба ҳар марказҳои табобатӣ, ки мерасидем, бо чашмони худ медидем, ки пизишкон либоси муҳофизатӣ надоранд", - шарҳ дод Музаффар. 

Сабаби аслии роҳ ёфтани коронавирус ба ВМКБ-ро Музаффар дар камаҳамиятӣ ва бедиққатӣ мебинад. Ба гуфти ӯ танҳо бо кумаки ризокорон ва шахсони саховатпеша мешуд паҳншавии COVID - 19 - ро дар ВМКБ пешгирӣ кард.

11 соли ризокории Музаффар ва кумаки 3000 ихтиёрӣ дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар Бадахшон

Ризокор ё ихтиёрӣ - шахсест, ки бемузд ба нафари дигаре хизмат мекунад. Аз давраҳои қадим чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон, мардуми Бадахшон бештари кори худро тариқи ҳашар - кори дастаҷамъонаи бемузд анҷом медоданд. Қариб ҳамаи хонаҳои помирӣ, ки имрӯз дар Бадахшон ҳастанд тариқи ҳашар - ё бо қувваи ихтиёриён сохта шудаанд.

Музаффар ризокориро аз арзишҳои волои мазҳаби худ медонад. Ӯ мегӯяд аз кумак кардан ба дигарон ҳаловат мебарад ва бо ин роҳ мехоҳад дилеро шод кунад.

"Ризокорӣ аз арзишҳои мазҳаби ман аст. Бо ин арзишҳо ман метавонам диле ба даст оварам. Дар навбати аввал ман аз коре, ки барои шахсе анҷом медиҳаму ӯ шод мешавад, ҳаловат мебарам, махсусан кумак ба бузургсолон, кӯдакон ва ниёзмандонро дар назар дорам", - гуфт Музаффар ва афзуд ки беш аз 11 сол ӯ дар хизмати халқ аст.

"Ҷое мешавад, ки нафареро бепул бо хадравам ба манзилаш мерасонам, ҷое мешавад, ки бо кумаки дӯстонам мушкили касеро ҳал мекунам".

Дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар ҳар қишлоқи ВМКБ гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби ҷавонон ва фаъолони ҷомеа ташкил шуд, ки тартибу интизом ва риояи қоидаҳои қарантиниро назорат мекард. Онҳо намегузоштанд, ки меҳмонони аз шаҳри Душанбе расида бе гузашти 14 рӯз бо дигарон ҳамсуҳбат шаванд, ё нафаре бидуни ниқоб аз хона берун равад, ё дар кӯча масофаи иҷтимоиро риоя накунад.

Ба ҳамаи ин корҳо беш аз 3000 ризокор банд буд. Шояд ҳамин якдиливу омодаи кумак будани халқ, буд, ки мардуми Бадахшон авҷи аввали  COVID - 19 - ро бидуни талафоти зиёд паси сар карданд.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки бино ба пешбинии ҳамагиршиносон мавҷи дуюми COVID - 19 дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест ва ҳамоно бояд риояи қоидаҳои беҳдошт ва масофаи иҷтиоию пӯшидани ниқоб фаромӯш нашавад.

То 22 июн дар Тоҷикистон 5513 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 4039 (73,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Барчаспҳо:
сукунати ихтиёрӣ, ихтиёрӣ, вазъ, вируси нав, Музаффари Имомдод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ