13:14 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
6906 0 0

Ҷонибек Муродов, сарояндаи саршиноси мусиқии попи тоҷик дар мусоҳибаи ахираш чанд ногуфтаҳояшро ба мухлисонаш нақл кардааст. Ӯ иқрор шудааст, ки то пурра ба роҳи сарояндагӣ рафтан, соле дар масҷид улуми дин меомӯхт

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ду рӯз пеш мусоҳибаи ихтисосии рӯзнаманигор Мубориз Усмонов дар барномаи "Имшаб" бо сарояндаи саршинос Ҷонибек Муродов дар шабакаи Ютуб нашр гардид.

Дар ин барнома Муродови хурдӣ чанд сирреро, ки то ҳол мухлисонаш намедонистанд, ошкор кардааст. Аз ҷумла ӯ дар бораи оғози фаъолият, чанд соли илмомӯзӣ дар масҷид, масрафи 2 миллион доллар барои сабти суруд, намоҳанг ва сафарҳои эҷодӣ ва ду соли бемориаш нақл кардааст.

Ҳамсароиҳо бо сарояндаҳои Ӯзбекистон аз ҷониби кӣ пешниҳод мешаванд?

Ба гуфтаи овозхон тамоми ҳамкориҳо бо овозхонҳои ӯзбекистонӣ - Сардор Раҳимхон (суруди "Дӯстон"), Улуғбек Раҳматуллоев (суруди "Боре бедорам") ва Юлдуз Турдуева (таронаи "Азизи дилам") бо пешниҳоди ду тараф сурат гирифтанд.

"Мо бо Сардор дар Тошканду Самарқанду Бухоро бисёр во мехӯрдем ва орзу доштем, ки дуэт сароем. Улуғбек пеш аз консерти ахираш оҳангеро равон кард ва пешниҳод кард, ки ҳамроҳ хонем. Ба ман ҳам писанд омад. Юлдуз низ оҳанги "Азизи дилам"-ро ирсол намуд ва ман бо ҷону дил қабул кардам", - қайд мекунад Ҷонибек Муродов.

Як соли таҳсил дар масҷид

Овозхон, ки роҳи эҷодиашро аз гурӯҳи "Боло" сар кардааст, мегӯяд, дигар ҳаммаслаконаш дар ин гурӯҳи наврасон роҳи тиҷоратро пеш гирифтанд ва ҳоло соҳибкорони муваффақ мебошанд. 

Ӯ бошад сипас бо ҳунарманди марҳум Ҳасани Вализод гурӯҳи "Вазир"-ро ташкил кардаву ду сол дар ин ҳайат эҷод кардааст ва пас аз пошхӯрии ин гурӯҳ соле дар андешаи интихоби ояндаи худ гаштааст. 

"Падарам мегуфтанд, ки то 21-сола нашавӣ, ҳамчун Ҷонибек Муродов баромад накун. Ман баъди пошхӯрии "Вазир" танаффус кардам, ҳар рӯз дар масҷид будам. Қариб ду -се сол ҳам буд, ки ба масҷиди Нури Хуҷанд  мерафтам. Баъди як сол фаҳмидам, ки ман сароянда мешавам", - нақл мекунад ҳунарманд.

Сарфи 2 миллион доллар дар роҳи санъат

"Ман фаъолияти эҷодиамро бо 5 ҳазор доллар сар кардаам, он ҳам бошад мошинеро ки модарам дар зодрӯазм тӯҳфа карда буданд, фурӯхтам. То имрӯз дар роҳи фаъолияти эҷодӣ 2 миллион доллар сарф кардаам", - меафзояд вай.

- Чаро робитаҳои эҷодӣ якбора бо Шабнами Сурайё канда шуданд?

- Ҳар як чиз вақти худро дорад. Бо Шабнам мо инқлоб ҳам кардем гӯям хато намекунам. Аммо ҳамсароӣ баъзан ба дили мардум мезанад. Бояд ҳамавақт навигарӣ бошад. Шартнома 3 сол буд. Гапҳое буданд, ки ман Шабнамро ё ӯ маро машҳур кард. Лекин мо ҳар яке дар роҳи худ ва бо номи худ муваффақ шудем.

Беморие, ки ду сол тӯл кашид ва шавқи табибӣ

Овозхон мегӯяд, ки қариб 10 сол бетанаффус кор кард, аммо рӯзе аз пой афтод. Ҳамон вақт фаҳмид, ки саломатӣ муҳим аст ва мехоҳад дар оянда касби дувумаш табибӣ бошад.

"Соли 2015 буд, ки дучори бемории наве шудам. Он ба табибон маълум аст. Фишорам 200 мешуд, тапиши дилам тез мегашт. Фикр мекардам, ки ҳозир мемирам ва аз ҳамин сабаб дар дилам тарс пайдо мешуд. Бо он ду сол мубориза бурда, сиҳат шудам", - қайд мекунад ҳофиз.

Ҷонибек Муродов дар анҷом ба суоли ровӣ дар бораи зиндагии шахсиаш посух додааст, ки як сол пеш бори дувум оила барпо кард, хушбахт аст, аммо зиндагии хонаводагиашро расонаӣ намекунад ва дар интизори фарзанд мебошад.

Ҷонибек Муродов зидди сурудхонии занон: саҳна ҷойи зан нест

Мавзӯъҳои асосӣ