Беҳрӯз Зеваров аз ду соли қаҳрӣ бо Нигина Амонқулова гуфт: байни ҳунармандон ҳам мешавад

© Фото : Аккаунт Бехруза Зеварова FacebookПродюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото
Продюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беҳрӯз Зеваров, ҳунарманд ва коргардони тоҷик дар як мусоҳиба бо рӯзноманигорон шарҳ додааст, ки чаро ду сол бо овозхони попи тоҷик Нигина Амонқулова гап намезад. Ӯ гуфт, ин гуна ҳолатҳо байни ҳунармандон ҳам бисёр мешавад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Зеваров чанд сол бад шудани муносибатҳояш бо Нигинаро ба "қувваҳои беруна" рабт медиҳад, ки ба муносибатҳояшон таъсир расониданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин гуна ҳолатҳо байни ҳунармандон низ зиёд мешавад. 

"Чунин ҳолатҳо зиёданд. Масалан, соли 2013 якчанд қувваҳои беруна буданд, ки ба муносибатҳои ману Нигина Амонқулова таъсир расонида буданд. Аз оғози клипи “Маро муҳаббати ту кушт”, то барпо кардани консерти яккаи ӯ дар “Кохи Борбад”, дӯстони наздики худам миёни ману Нигина Амонқулова даромада, муносибатҳои моро вайрон карда буданд", - гуфтааст ба рӯзномаи "Оила".
Нигина Амонкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигина Амонқулова : ҳамагирии COVID - 19 нигоҳамро ба зиндагӣ дигар кард - видео

Коргардони шинохта афзудааст, ки ҳоло бо ҳунарманд оштӣ кардаанд ва ҳамкориву дӯстиашонро идома медиҳанд.

Насиҳати Амонқулова ба мардум: ӯ гуфт бузургтарин иштибоҳ дар зиндагӣ кадом аст

Беҳрӯз Зеваров қайд кардааст, ки пас аз ҳудудан ду соли ногапӣ будан бо Амонқулова, рӯзе дар маъракае вохӯрдаву гӯё байнашон ҳеҷ гап набуд, ба дӯстиашон идома додаанд.

Вай афзудааст, ки чанд дӯсташро, ки боиси нофаҳмии ӯву Нигина Амонқулова гаштаанд, бахшидааст.

Нигина Амонқулова дар бораи мусоҳиба бо рӯзноманигорон: "фақат мегурезем"

Лентаи хабарҳо
0