06:35 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
3465 0 0

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона зодрӯзи раиси пойтахти Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро шодбош мегӯянд. Аз ҷумла ситораҳо низ канор намондаанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Шабнами Сурайё, овозхони номии тоҷик, бо нашри паёме дар саҳифаи Инстаграм зодрӯзи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро шодбош гуфтааст.

Ӯ дар ин паёмаш барои "заҳматҳои раиси пойтахт изҳори сипос" низ кардааст.

"Милодруз бар сиёсатмадори ҷавон, фарзанди баруманди Ватан, раиси пойтахти кишвар, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фараҳмандиву эҳтироми баланд самимона таҳният мегуям. Сипосу ҳамд барои ҳама заҳматҳои бешумор дар роҳи ободонӣ ва замонавиву назаррабо сохтани пойтахти азизамон", - омадааст дар номаи шодбошии Шабнами Сурайё.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Shabnam Surayo (@shabnamsurayoofficial)

Ситораҳои дигари эстрадаи тоҷик, Зулайхо Маҳмадшоева ва Фарзонаи Хуршед низ дар шодишарики зодрӯзи Рустами Эмомалӣ гаштаанд.

Маҳмадшоева  дар табрикномааш зебо шудани пойтахти Тоҷикистонро дар даврони раисии Рустами Эмомалӣ қайд кардааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Zulaykho Mahmadshoeva (@zulaykhoofficial)

Фарзонаи Хуршед низ Рустами Эмомалиро сиёсатмадори ояндадори тоҷик номидаву аз ӯ тавсиф намудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Фарзонаи Хуршед (@farzonakhurshed)

Табрикоти зодрӯз, ки зоҳиран чун анъана гаштааст, дар саҳифаи Фейсбук низ зиёд аст. Шахсони расмиву ғайрирасмӣ ва ҳамкорони Рустами Эмомалӣ ӯро шодбош мегӯянд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, имрӯз 33-юмин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад.

 Рустами Эмомалӣ  баҳори соли равон ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб шуд, ки расман нафари дуюм дар кишвар баъди раисиҷумҳур ба шумор меравад.

Ӯ инчунин ахиран дигарбора барои чор соли оянда президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Котиботи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, одатан Рустами Эмомалӣ рӯзҳои зодрӯзаш низ дар ҷои кор қарор дорад.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумат, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумрук, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумрук ва солҳои 2015-2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштаст.

Даҳ далели аҷиб дар бораи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Ӯ  аз январи соли 2017 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон  ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида, бар асоси ҳолномаи расмияш забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Мавзӯъҳои асосӣ