07:13 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
912 0 0

Таҳмина Раҷабова, рӯзноманигор ва актрисаи тоҷик нахустин филмашро муаррифӣ кард. Филми мазкур кӯтоҳметраж буда, 28 дақиқаро дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Рӯнамоии нахустин филми ин бонуи ҳунар, ки бо забони русӣ офарида шудааст, чанде пеш дар кинотеатри “Зебуниссо”-и Душанбе баргузор гардид.

Таҳмина Раҷабова, собиқ ровии телевизион ва актрисаи тоҷик, феълан дар курси якуми риштаи коргардонии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематографӣ (ВГИК) таҳсил мекунад. 

Филми нахустини ӯ "Обмани себя" ("Худро фиреб бидеҳ") аз ғуруре нақл мекунад, ки ошиқонро аз ҳам дур месозад.

Ӯ филми мазкурро барои ҳимояи кори курсиаш ба навор гирифтааст.

"Қаҳрамонони марказии филм Хуршед  ва Малика, ки дар даврони мактабхонӣ ошиқи ҳам буданд, бо сабаби як нофаҳмӣ аз ҳам дур мешаванд ва ғурур онҳоро намегузорад, ки тӯли солҳои зиёд ба ҳам оянд. Ҳатто аз имконияти дубора тақдимкардаи тақдир ҳам истифода бурда наметавонанд. Боз ҳамон ғурур ин дафъа байнашон ҷудоии абадӣ меандозад", - менависад "Пресса.тҷ".

Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео

Бону Раҷабова гуфтааст, ки кори худро тариқи онлайн аллакай ҳимоя кардааст.

Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова аввалҳои соли равон бо далели пандемия ва эълон шудани карантин дар мактабҳои олии Русия  аз Маскав ба Душанбе баргашта буд. 

Мавзӯъҳои асосӣ