Рӯзи якшанбе дар се ноҳияи Қазоқистон тирзанӣ ба вуқӯъ пайваст. Чуноне хабар дода мешавад, аз ҷонияткорон қисми калони аслиҳаи дуздидашуда, мусодира карда шуд. Дар баробари ин ду нафари дигар дастгир гардиданд.
Сайёд Раҳимов, узви таъиноти махсуси ВКД ё худ ОМОН, ягона афсарест, ки дар ҳамлаи маҳалли гардиши фурудгоҳи Душанбе зинда мондааст. Ҳоло вай дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад, ки мо бо ӯ дар он ҷо сӯҳбат доштем.
Бино ба иттилоъи расонаҳо, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат 8 корманди пулис кушта шудаанд.
Баъд аз ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат, як ҳуҷуми дигар дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳи Душанбе рух додааст, ки дар пайи он ду корманди ОМОН ва як нозири роҳ кушта шудааст