Аз номи донишҷӯи тоҷик Муҳаммадазиз Саидназаров , ки алъон муҳассили Донишгоҳи Ал-Аҳзари Қоҳира аст, хабаре ба нашр расид, ки тибқи ин нома “гӯйё” созмони дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшудаи “Бародарони мусалмон” ба муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ дар маркази пойтахти Миср хонаи се ҳуҷрадор тақдим кардааст.
Дар охири моҳи сентябр роҳбари коллегияи адвокатҳои мавсум ба “Сипар” Бузургмеҳр Ёров Кумитаи дифоъ аз аъзоёни боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмон дода, ҳамзамон ба ҳайси вакили мудофеъи бархе аз дастгиршудагон фаъолият мекард.