Айни замон ҳуқуқшиносҳои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баррасии ҷузъиёти марги навзоди тоҷик, гирифтани ҷасади кӯдак аз сардхона ва ба хок супоридани он, ба шаҳри Санкт-Петербург омадаанд.
Мақомоти тафтишотии Русия нисбат ба ҳодисаи аз модар ҷудо кардани кӯдаки ширхораи муҳоҷири кории тоҷик, ки боиси марги тифли панҷмоҳа - Умаралӣ Назаров шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия як ҳайат аз намояндагии кишварро ба шаҳри Санкт-Петербург фиристодааст, то бо муҳаққиқони омилҳои марги Умари 5-моҳа ҳамкорӣ намоянд.
Ба раванди тафтишоти марги Умари 5-моҳа аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург омбудсмени кӯдакони Русия ҳам пайваст.
Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия дар посух ба нотаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар гуфтааст, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт- Петербургро таҳти назорат қарор медиҳад.