Дар шаҳри Улан-Удэи Русия 7 мактабхон бо ҷароҳати вазнин ба бемористон фиристода шуданд. Онҳоро як ҳаммактабашон - хонандаи синфӣ 9 бо табар захмӣ кардааст. Худи ҷинояткор низ дар бемористон бистарӣ шудааст
Қаблан хабар дода шуд, ки наздики 60 нафар дар хобгоҳи воқеъ дар ғарби Маскав бо сабаби заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Хадамоти таъҷилӣ ва наҷотдиҳии Маскав маълум намуд, ки маводи озуқаворӣ аз ҷониби ширкати дигар ба ошхонаи корхона дастрас мегардад.