Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот ҳамагӣ 13 медал – 5 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овардаанд, аммо то ҳоло дар ин намуд касе аз Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф нашудааст.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум ҷойи 10-умро соҳиб шуд.