Прокуратураи генералӣ вазифадор шудаст, то 20 апрел ба парлумони кишвар ҳама гуна маълумоти заруриро дар бораи масъалаи додани пойгоҳи низомӣ-радарии Кербен ба Узбакистон, ки дар кӯҳи Унгар-Тоои ноҳияи Аксийи вилояти Ҷалолобод ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
Тоҷикистон ҳимояи марзашро бо Афғонистон аз Русия дархост накардааст. Теъдоди низомиёни рус дар пойгоҳи ин кишвар мустақар дар ҷумҳурӣ зиёд намешавад.
Баҳси марзиро бо Узбакистон бояд бо роҳи сулҳ ҳал намоем. Ба Қирғизистон дустӣ лозим аст, вале Бишкек бояд аз манфиатҳои худ ҳимоя кунад, изҳор дошт президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев.
Қирғизистон мехоҳад дар асоси ҳуҷҷатҳо ва бо мувофиқати стандартҳои байналмилалӣ дар ҳалли баҳси сарҳадии Қирғизистону Узбакистон гуфтушунид доир намояд, изҳор дошт нахуствазири кишвар Темир Сариев.
Кормандони Хадамоти гумрук ҳангоми тафтиши автомашина 300 қуттӣ сигори навъи “Полет”-ро дарёфт карданд, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфта буданд.
Марзбонони тоҷик аснои як амалиёти муштарак бо сохторҳои қудратии минтақа аз кӯшиши интиқоли ҳашиш ҷилавгирӣ карданд.
Дар мулоқоти Раҳмон ва Бордюжа дар бораи авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд.
Ду шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистонро ба мақомоти пулиси Ботканд таслим кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, интизор меравад дар поёни нишаст ҷузъиёти бештар ба даст хоҳад омад ва дар музокирот танҳо моҷарои мушаххаси ду рӯзи гузашта баррасӣ мешавад.
Ҳайати намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи имрӯз ба мавзеи муноқишаи ду рӯз қабли сарҳадбонони ду кишвар рафтанд, то ҳодисаро таҳқиқ кунанд
Қаблан, расонаҳои афғонистонӣ хабар дода буданд, ки дар озодкунии сарбозони тоҷик амири Қатар шайх Тамим Бин Ҳаммад оли Сонӣ саҳми беандоза дошт.
Созмони Милали Муттаҳид, бино бар паёми ахири Дабири кулли он Пан Ги Мун, мехоҳад, дар ҳалли мушкилоти марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши миёнарав ва сулҳофарро бозад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд ҷониби Тоҷикистон роҳҳои мошингарди ҷамоати Ворух Хоҷааъло то Оқсойро бозсозӣ ва мумфарш кард, аммо ҷониби Қирғизистон феълан сохтмони роҳро қатъ кардааст
Мақомоти Бодканд ва Исфара якдигарро барои иштирок дар таҷлил аз маросимҳои Наврӯзӣ дар рӯзҳои 21- ум ва 22-юми март даъват кардаанд
Раҳимзода ба ин суол, ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омада ва таҳдид доранд, ки баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, гуфт, “воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад”
Чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон 20 декабр ба асорати Толибон афтода буданд