Ин барои нахустин бор аст, ки як дастаи футболи Тоҷикистон ба ҳаштякфинали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ меёбад.
Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи чоршанбе дар мусобиқаи гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дастаи “Ал-қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми AFC-ро шикаст дод.
Бозии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Аҳал”-и Туркманистон дар Ашқобод бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт. Тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Фатҳулло Фатҳуллоев ва Хуршед Маҳмудов дар дақиқаҳои 4 ва 66-уми бозӣ ба нишон расониданд.