Раззоқов ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо бо тоҷирони рус ҷиҳати дар маҳалҳо коркард шудани хушкмева тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки он ба бозорҳои Русия равона гардад.
Мувофиқи моддаи 389-и Кодекси Ҷумҳурии Қирғизистон барои вайрон кардани низоми марзӣ ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури кашида шуда, пас аз пардохти ҷарима озод мешаванд.
Дар натиҷаи корҳои фаврӣ- ҷустуҷуии кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъадори ҷумҳурии Қирғизистон дар бағоҷи бордони сабукрави “Опел вектра” ду борхалтаи варзишӣ дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо 36 кг “ҳашиш” буд.
Ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Самарқандак санадеро имзо кардаанд, ки бар асоси он бидуни мамониати марзбонҳо сокинони деҳоти марзӣ ба сарбандҳои оби якдигар дастрасӣ пайдо мекунанд
Ду шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистонро ба мақомоти пулиси Ботканд таслим кардаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, интизор меравад дар поёни нишаст ҷузъиёти бештар ба даст хоҳад омад ва дар музокирот танҳо моҷарои мушаххаси ду рӯзи гузашта баррасӣ мешавад.
Рӯзи сешанбе дар марзи Тоҷик5истону Қирғизистон воқеъ дар ноҳияи Исфара ва ҳамсараҳд бо ноҳияи Ботканд даргирӣ миёни сокинони рустоҳои Сомониён ва Кок-Тош ба вуқӯъ пайваста, ҷонибҳо ҳамдигарро дар сар задани ин моҷаро муттаҳам медонанд.
Вале марзбонони қирғиз иддаъо доранд, ки аз аслиҳа истифода нашудааст.
Ҷонибҳо дар ин ҳодиса ҳамдигарро мунҷар медонанд.
Чорабинии мазкур дар пайи гуфтушуниди намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон баъди ҳодисаи тирпарронӣ дар Чоркӯҳ баргузор гардид.
Ҳайати намояндагони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи имрӯз ба мавзеи муноқишаи ду рӯз қабли сарҳадбонони ду кишвар рафтанд, то ҳодисаро таҳқиқ кунанд
Бори охир баҳси марзӣ дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон зимни пайрадории марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд.