Рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ сафири Афғонистон дар назди ин ташкилот Зоҳир Танин гуфт, дар қаламрави давлати исломӣ беш аз 7 ҳазор ҷангиёни аҷнабӣ ҳузур доранд.
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон қумандони қсми низомиеро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба ҳезумчинӣ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Вале КДАМ талош дорад, то аз роҳи бехатар марзбонҳои асируфтодаро то ба Ватан бирасонад
Масъалаи раҳоии чаҳор сарҳадбони тоҷик дар мадди назари президент Эмомалӣ Раҳмон низ қарор дорад ва шурӯъ аз Сарраёсати марзбонӣ то ҳукумати вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ талоши худро барои раҳоии онҳо идома медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон ҳамаҷониба музокира пеш бурда истодаст, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд.
Дар қисмҳои марзбонии Тоҷикистон дар хатти марз бо Афғонистон, ҳеҷ марзбоне рабуда нашудааст.