Ин тамрин дар ду давра, аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия идома мекунанд.
Соли 2015 низ ба поён мерасад. Дар маҷмӯъ соли равон барои кишвар на он қадар вазнин буд, мушкилоту монеъаҳо пешрафту бурду бохт тавъам бо якдигар вуҷуд доштанд.Рухдоду ҳаводиси вижаи сол аз дидгоҳи Sputnik инак пешниҳоди шумост, марҳамат мутолиа кунед.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 23 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) ва теъдоди муайяни аъзои дастаи муовини кушташудаи вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хабар медиҳад.
Расонаҳо аз қавли Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар додаанд, ки мақомот зерҳимояи ӯро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар айбдор мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо интишори як баёния расман хабари кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва ёрони ӯро тасдиқ карданд.
Ба қавли мудири шӯъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Восеъ, ҳоло фаъолон ва раҳбарияти ин ноҳия мунтазири расидани ҷасади сарҳанги кушташудаи гуруҳи “Алфа” мебошанд, ки дар роҳ ба сӯи зодгоҳ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ҷанозаи Рустам Амакиев дар зодгоҳаш – ҷамоати Тугарак ба хок супорида мешавад.
Тайи ин муддат ВКД аллакай дар бораи чанд зан доштани ӯ хабар дода, гуфтанд, генерали фирории тоҷик бо роҳи “ғайриқонунӣ” чанд хонаву корхонаеро соҳиб шудааст.
Мақомоти қудратӣ ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонанд, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд, ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Ба қавли раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, омилони ҳамлаҳои хунини Ваҳдату Душанбе барои анҷоми ин кори худ аз берун дастур гирифта буданд, дар сурати иҷро нашудани ин амал онҳоро марг интизор буд.
Аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати алайҳи ин гурӯҳ, бо кӯмаки мардум 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ аз ин гурӯҳ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Мақомоти қудратӣ мегӯянд, касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Сарфи назар аз набудани иттилоъи дақиқ дар мавриди ҳодисаҳои ахир сурат гирифтани амалҳои зӯроварии дигар аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ карда, аз кормандонаш даъват мекунад, макони буду боши худро тарк накунанду аз фиристодани фарзандон ба макотиб худдорӣ варзанд.
Бархе аз коршиносони масоли сиёсии тоҷик мегӯянд, Абдуҳалим Назаров - собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ва Ҷунайдуллоҳ Умаров – коменданти пешини низомии шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар “такшили гуруҳи террористӣ” ва “хиёнат ба Давлат” муттаҳаманд, нафароне мебошанд, ки аз имзои Созишномаи сулҳ бисёр гарм истиқбол кардаанд.
Аз боздоштшудаҳо 5 автомати “АКМ” ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира гардидааст, хабар медиҳад сомона
Исми ин полковники Вазорати дифоъ субҳи чаҳоруми сентябр баъд аз чанд лаҳзаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат ба расонаҳо роҳ ёфт ва яке аз ҳамлаварон муаррифӣ шуд.
Назарзода дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада гӯйё худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст.
Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) исрор дорад, ки ҳамлаҳо ба кормандони Вазорати умури дохилӣ ва сарбозон дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои эълони айб алайҳи собиқ қумандонҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифин тарҳрезӣ шудаанд.
Дар пайи амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар дар дараи Ромит чор узви дигари гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар боздошт шудаанд. Амалиёти вижаи мақомот дар дара дараи Ромит идома дорад.
Мақомоти қудратии Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият дода, ба марҳилаи нави он ворид мегарданд. Ин дафъа дар кӯҳҳои Ромит машқҳои таълими муштарак барои муқобала бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ баргузор гардиданд.