Додгоҳи олиии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия сомонаҳо ва саҳифаҳо дар Фейсбуку Ютубро ном бурдааст, ки ба иттилои ин ниҳод ба далели хидматашон ба “ташкилотҳои террористӣ-экстремистии Паймони миллӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва “Салафия” баста шудаанд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, аз ҷой доштани парвариши чорвои хурду калон ва аспу хар дар пойтахт нигаронӣ карда, дастур додааст, ки назорат дар ин бахш пурзӯр карда шавад
Ҳукумати Узбакистон пахши садои азон аз баландгуҳои масҷидҳоро мамнуъ кард. Мақомот иллати ин тасмимро шикояти сокинон эълом кардааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон кард, ки ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҷумҳурӣ мамнуъ гардид
Маъмурини пулис ҳаракату интиқоли гӯсфандонро дар Маскав таҳти назорат мегиранд
"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.
Аз боздоштшуда адабиёти мамнуъ, акс ва наворҳои таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 23 узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) ва теъдоди муайяни аъзои дастаи муовини кушташудаи вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода хабар медиҳад.
Дар миёни ин феҳраст унвони яке аз сомона ва ё каналҳои родиёии онлайнӣ марбут ба созмони мамнуи “Гуруҳи 24” низ мавҷуд аст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, Кумитаи дин бо ирсоли як нома аз онҳо тақозо кардааст, ки дар дафтари марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе аз оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ худдорӣ кунанд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни Салафияро хатаре ба суботу амнияти кишвар хонд. КДАМ мегӯяд, ки ҳоло бархе аз пайравони ин равия дар манотиқи мухталифи кишвар ба сар мебаранд