То имрӯз теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо кӯмак ва мусоидати вазорати меҳнати кишвар ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия иҷозаи дубора сафар кардан ба ФР-ро дарёфт намудаанд.
Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ қонуни нави муҳоҷиратро қабул хоҳад кард, ки бар асоси яке аз моддаҳои он муҳоҷирати сокинон танҳо баъд аз 18-солагӣ ба хориҷи кишвар иҷозат дода мешавад.
Муҳоҷирони корие, ки бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ва қоунҳои нави муҳоҷират Русияро тарк кардаанд, дар мақомоти маҳаллӣ бо сабаби пастии маош кор кардан намехоҳанд.
Дар арафаи таҷлил аз иди Наврӯз мақомоти муҳоҷирати Русия ба 11 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави он кишварро доданд, аз аввали сол бошад теъдоди онҳо ба 300 нафар расид.