Намояндаи ширкати "Барқи тоҷик"иқрор шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта маблағи калон аз қарздории ширкат назди Вазорати молияро бахшид
Ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дахл дошта, дар он таъкид мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад.
Ҳудуди 700 манзил дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар заминҷумбиҳои рӯзи гузашта хисорот дида, тибқи ҳисобҳои пешакӣ 200 манзил пурра хароб гардида, наздик ба 500 манзили сокинони минтақа қисман осеб дидаанд.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки аҳолии зарардидаи Бадахшон бо макони зисти муваққатӣ, либос ва ғизо таъмин карда шаванд.
Бунёди CASA-1000, ки имкон медиҳад нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои Афғонистону Покистон содир шавад, моҳи майи соли оянда оғоз мегардад.
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Президенти Тоҷикистон ба масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулини ҳукумат супоришҳои мушаххас дод.
Ин ҷамоат минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз 1600 нафар аҳолӣ дорад.
Бо дастури нахуствазир дар иншооти боқимонда то рӯзҳои наздик ба ҷашн корҳои боқимонда бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.