Қаблан вакилони Отамбоев хабар дода буданд, ки бинобар бад будани вазъи саломатияш, эҳтимол ӯро аз СИЗО озод ва ба ҳабси хонагӣ фиристанд
Вакилони мудофеи Отамбоев бар ин бовар буданд, ки собиқ кишвардорро ба ҳабси хонагӣ мефиристанд, вале ӯро дубора ба СИЗО интиқол доданд
Дар эътироз ба ҷонибдорӣ аз собиқ кишвардори зиндонӣ, дар баробари тарафдорони ӯ, инчунин ҳамсараш Раиса, писараш Сеид ва духтараш Алия иштирок мекунанд
Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон, ки ба даст доштан дар чанд ҷиноят муттаҳам мешавад, дубора боздошт шуд
Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ба нооромии шадид анҷомид. Шаҳрвандони норизо шоми дирӯз Қасри сафедро муҳосира карданд ва аз бинои КДАМ собиқ кишвардор Алмосбек Отамбоевро озод намуданд
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли дуюм солрӯзашро дар зиндон қайд мекунад. Ҳамсару пайвандон ва ҷонибдорони ӯ ҳарчанд ба муборакбодияш рафтанд, аммо ба ягон нафаре аз онҳо иҷозати мулоқот намудан ба Отамбоевро надоданд
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба кормандони дастгоҳи омбудсмен аз бад будани вазъи саломатияш шикоят намудаст
Вакили дифои Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон талаб кардааст, ки ба ҳайси шоҳид Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон ба додгоҳ даъват карда шавад
Додгоҳи Қирғизистон ҳабси собиқ раисҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоевро то 15 - уми марти соли равон тамдид намуд
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мегӯяд, тақдири Алмосбек Отамбоев борояш бетафовут нест
Дар бинои Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон имрӯз бояд баррасии парвандае, ки собиқ раисҷумҳури ин кишвар низ дар он муттаҳм мешавад баргузор мегардид
Қаблан Комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши ошӯбҳо дар Бишкек собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро гунаҳгор намуда буд
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ва 15 нафар аз ҷонибдорони ӯ гумонбарони асосӣ дар қазияи ба гарав гирифтани кормандони дастаи таъиноти махсус мебошанд
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои монеъ шудан ба кори тафтишот гунаҳкор медонанд
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро имрӯз барои иштирок дар мурофиаи додгоҳи ба суди Первомайский оварданд. Вале чун мурофиа баргузор нашуд ва то 6 - уми декабр ба таъхир афтод, ӯро бозпас ба КДАМ интиқол доданд
Қаблан собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳузур дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ кард
Додгоҳ муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро то 26 декабри соли равон тамдид кард
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ҳамоно аз иштирок дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ мекунад ,чун бар ин назар аст, ки боздошти ва ҳабси ӯ бар хилофи қонунгузории кишвар аст
Дархости чандинкаратаи вакилони дифои собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бобати озод кардани ӯ аз ҷониби додситон дастгирӣ наёфта, пайваста рад мешавад
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев боз аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ кард. Отамбоев изҳор намудаст, дар нақше, ки барои ӯ дар қазияи Батукаев сохтаанд, иҷро намекунад