Ин филм амалиёти вижаи берун овардани лашкари зиреҳсавори 108-уми шуравӣ аз дашти Чорикор ба гарданаи Солангро дар замони ҷанги Афғонистон бозгӯ хоҳад кард
Коргардон Павел Лунгин мехоҳад дар бораи ҷанг дар Афғонистон филм ба навор гирад. Сенарияи намоишнома дар асоси сабтҳои корманди КГБ навишта шудааст. Филм дар Тоҷикистон ва қисман дар Қирғизистон ба навор гирифта мешавад. Буҷаи филм 270 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.