Набуди ҷойи кору шароити бади иқтисодӣ бархе аз занонро маҷбур сохтааст, то касби ғайриодиеро пеша кунанд. Ин занҳо ҳар субҳ шири дӯшида аз говҳои худро дар зарфҳои плостикӣ пур мекунанду назди биноҳои серёшнаи Душанбе барои фурӯш меоранд. Баъзе аз онҳо муштариёни доимии худро ҳам доранд.