Ҳаҷми хароҷот барои сохтани Роғун, ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим дар соли оянда назар ба соли равон 260 миллион сомонӣ, ё беш аз 16 фоиз афзоиш дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар бораи арзиши аслии татбиқи лоиҳаи бунёди НБО-и ба истилоҳ “наҷотдиҳанда” аз сардиҳои зимистон ва норасоии барқ рақами мушаххасе эълом нашудааст.