Сармоягузорӣ ба арсаи нақлиёт дар соли гузашта $600 миллион буд

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкҶоддаи Душанбе-Ғарм. Акс аз бойгонӣ
Ҷоддаи Душанбе-Ғарм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли гузашта вазорати нақлиёти Тоҷикистон куллияи умур дар панҷ тарҳ аз 15 барнома дар арсаи худро иҷро кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Барои иҷрои умури 15 тарҳ дар арсаи нақлиёт дар соли 2014 $598,8 миллион равона шуда ва панҷ лоиҳаи дигар комилан анҷом ёфтаанд, хабар дод дар нишасти матбуотии имрӯз вазири нақлиёт Хайрулло Асозода.

Иҷрои панҷ тарҳ аз 15 барномаи умумӣ дар соли 2014 комилан анҷом ёфта маблағи умумии сармоягузорӣ барои умури пешбинишуда ҳудуди $600 миллион буд. Феълан, иҷрои тарҳҳо ба маблағи $483,2 миллион идома доранд.

"Бархе аз тарҳҳое, ки дар солҳои гузашта иҷро мешуданд, ба бознигарӣ ниёз доранд. Роҳҳо тибқи меъёрҳои қабулшуда дар Тоҷикистон сохта нашуданд ва дар солҳои гузашта мо тарҳи чанд роҳро барои беҳтар кардани истифода аз онҳо, бознигарӣ кардем. Онҳо аз нав сохта шуданд", — хабар дод вазир.

Аз ҷумлаи чунин роҳҳо вазир аз масири Душанбе-Турсунзода ном бурд, ки зимни умури сохтмонӣ бо дастури вазорати нақлиёт коршиносони пажӯҳишгоҳҳои арсавӣ онро тағйир доданд.

Ба ғайр аз ин, тарҳи бозсозии ҷоддаи "Шӯрообод-Шоҳон" (роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб), ки 40 километр тӯл дорад, бознигарӣ шуд.

Ба тарҳҳое, ки дар соли 2014 иҷрои онҳо ба итмом расидааст, сохтмони марҳилаи севвуми роҳи мошингарди "Шоҳон-Зиғар" дар вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, бозсозии ҷоддаи "Данғара-Кангурт" дар вилояти Хатлон ва роҳҳои иртиботӣ ба туннели "Озодӣ" дар ҷануби кишвар шомил шудаанд.

Ҳамчунин, ба тарҳҳои иҷрошуда анҷоми сохтмони терминали ҷадиди фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва харидории таҷҳизоту васоил барои нигоҳубини роҳҳо ба маблағи умумии $115,6 миллион будааст.

"Иҷрои ин тарҳҳо имкон дод, ки 47,9 километр роҳҳо бо панҷ пул ба сурати изофӣ бозсозӣ шаванд", — илова кард вазир.

Лентаи хабарҳо
0