11:19 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Ҳаракти воситаҳои нақлиёт дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе хиёбонҳои Назаршоев ва Соҳилӣ боз шуданд

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Ҳаракати васоили нақлия дар ду ҷоддаи пойтахти кишвар, ки хеле тӯлонӣ бозсозӣ шуда ва то ҳол умури бозсозӣ комилан анҷом наёфтаанд, аз сар гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Душанбе баъд аз таъмиру тармими тӯлонӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои Назаршоев ва Соҳилӣ иҷоза шудааст, менависад хабаргузории "Tojnews".

Ин ҷоддаҳо бо қарори шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев боз шудаанд, вале ҳаракати васоили нақлия тавассути онҳо ба сурати муввақатан сурат мегирад, зерои умури бозсозӣ дар онҳо комилан анҷом наёфтаанд.

"Коргаронро зарур аст, ки қабати аслии мумфарши ин ҷоддаҳоро анҷом дода ду тарафи хиёбонҳоро обод созанд", — зикр кард як манбаъ дар шаҳрдорӣ.

Ба ин далел Убайдуллоев ба раҳбарияти корхонаи "Душанбенаклиётхадамотрасон" ва Идораи давлатии назорат ва танзим дар бахши нақлиёт дастур додааст, ки фаъолияти мунназами васоили нақлияи мусофирбар ва амнияти ҳаракат дар ин ҷодаҳоро таъмин кунанд.

Ҳамакнун мусофиркашҳои хатсайрҳои №№ 7, 15 ва 33 тибқи масири маъмулии худ тавассути Истгоҳи роҳи оҳан ҳаракат мекунанд.

Мавзуъ

Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои Душанбе супориш дод
Барчаспҳо:
боз шудани ҷоддаҳо, шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ