Ширкатҳои ҳавоии Русия аз парвозҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкНамо аз дохили ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ
Намо аз дохили ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Росавиатсия феҳрасти ширкатҳои ҳавоие, ки парвозҳои ҳавопаймоҳояшон ба шаҳрҳои Тоҷикистон ба далели лағви муназзами парвозҳо, манъ шуд, мунташир кардааст ва ҳамакнун танҳо “Уралские авиалинии” метавонад дар ин масир парвоз анҷом бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Чанд ширкати ҳавоии Русия парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Тоҷикистонро қатъ карданд, бархе ширкатҳо аз парвозҳо худдорӣ карданд ва аз чанд ширкат мақомоти ҳавоии ФР муҷаввизи парвозҳоро ба далели лағви муназзами парвозҳо бозхонданд, омадааст дар хабари сойти Росавиатсия.

Ширкати ҳавоии "Оренбургские авиалинии" худ муҷҷавизи парвоз дар масири Челябинск-Кӯлобро бозпас гирифт, ба ҳамин тартиб ширкати "Таймир" парвози ҳавопаймоҳо дар масири Томск-Душанбе ва Томск-Хуҷандро ба далели коҳиши теъдоди мусофирон лағв кард, омадааст дар санади комиссияи байнисоҳавӣ барои иҷозаи парвозҳо дар масирҳои байналмиллалии Росавиатсия.

Ба ҷуз аз ин, хабар дода мешавад, ки ба далели анҷом надодани парвозҳо дар ду мавсими пайиҳами нақшаи парвозҳои Созмони байналмиллалии ҳавонавардӣ (International Air Transport Association, IATA) муҷаввизи парвозҳои се ширкати ҳавоӣ бозхонда шуданд.
Ба ин тартиб, ширкати "Когалимавиа" аз ҳаққи парвозҳо аз Сургут ба Хуҷанд маҳрум шуд, ки қаблан дар ин масир се парвози ҳавопаймо дар як ҳафтаро дошт.

"Ширкати ҳавоии "Донавиа", ки қаблан дар як ҳафта дар масири Сочи-Душанбе 7 парвоз анҷом медод, низ барои лағви мунназами парвозҳо аз муҷҷавизи худ маҳрум шуд. "Таймир" аз ҳаққи парвозҳо дар масири Красноярск-Кӯлоб, ки қаблан ҳафтае ду маротиба анҷом мешуд, маҳрум карда шуд", — омадааст дар санад.

Дар идома омадааст, ки Росавиатсия ҳамчунин аз ироъаи муҷҷавиз барои анҷоми парвозҳо дар масири Новосибирск-Хуҷанд ба ширкати "Глобус" худдорӣ кард, ки қасд дошт дар ин масир ҳафтае 7 парвоз бо ҳавопаймои Боинг анҷом бидиҳад. "Уралские авиалинии" ҳамчунин ба 5 парвоз дар як ҳафта дар масири Сочӣ-Душанбе бо ҳавопаймои Аэробус посухи радд гирифт. "Таймир" аз мақомоти ҳавонавардии Русия барои анҷоми парвозҳо дар масири Сургут-Хуҷанд бо ҳавопаймоҳои Боинг посухи радд гирифт.

Ҳамзамон Росавиатсия ба ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" барои анҷоми парвозҳо дар масири Красноярск ва Қазон ба Кӯлоб ва ҳамчунин аз Нижневартовск, Ростови лаби Дон ва Новосибирск ба Хуҷанд иҷоза дод.

Ин ширкат қодир аст ҳамаи 5 парвоз дар ҳафтаро бо ҳавопаймоҳои Аэробус А319, А320 и А321 анҷом бидиҳад.

Аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ҳамчунин ширкатҳои тоҷикистонии — "ТоҷикЭйр", "СомонЭйр" ва Asian Express Airline парвозҳо анҷом медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0