06:04 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

БҶ барои бозсозии ҷоддаҳои шимоли Тоҷикистон $45 миллион медиҳад

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Иҷрои тарҳи бозсозии ҷоддаҳои мошингард дар вилояти Суғд тиҷоратро фаъол сохта ба рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ тасмими ихтисоси $45 миллион барои иҷрои марҳилаи дуввуми барномаи бозсозии ҷоддаҳо дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон солҳои 2015-2020 мавриди амал қарор мегирад, таъйид кардааст, омадааст дар хабари сойти интернетии ВҶ.

Сармоягузории марҳилаи дуввуми ин тарҳ бо пули миллии Тоҷикистон сурат гирифта маблағи он муъодили $45 миллион мебошад ва ин маблағ $38,25 миллион ба унвони қарзи боимтиёз, $6,75 миллион кӯмаки билоиваз ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ $9 миллион мебошад.

Ин тарҳ аз сӯйи вазорати нақлиёти кишвар дар тӯли панҷ сол иҷро шуда ва тибқи арзёбии БҶ аз натоиҷи иҷрои ин тарҳ 2,6 миллион сокинони вилояти Суғд, ки интизор меравад истифодабарандагони доимии ин ҷоддаҳо мешаванд, баҳравар мешаванд.

"Тоҷикистон кишвари дар инҳисор қарор доштаи Осиёи Марказӣ аст, ки миқдори камтарини иртибототи нақлиётӣ дар ихтиёр дошта ва дастрасиаш ба ҷоддаҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ маҳдуд аст. Бо дарназардошти манотиқи кӯҳистонӣ буданаш ва маҳдудияти роҳҳои оҳан васоили нақлия умдатан танҳо василаи интиқоли коло ва мардум мебошад", — зикр кард раҳбари дафтари БҶ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс-Картер.

Вай тавзеъ дод, ки бо сармоягузории таҷдиди роҳҳои иртиботии наздимарзӣ дар вилояти Суғд, ки тавассути онҳо 40% мизони умумии интиқоли коло дар Тоҷикистон мунтақил мешаванд, имкон медиҳад, ки ба рушди тиҷорат ва рақобатпазирии тавлидоти маҳаллӣ мусоъидат карда ва дар ниҳоят ба рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунҷар мешавад.

Барномаи беҳбуди вазъи роҳҳои иртиботӣ (ББВРИ) барномаи бисёрмарҳилавии ҳамкорӣ аст, ки ба ибтикори кишварҳои ОМ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ин барнома беҳбуди иртибототи заминӣ миёни кишварҳои ҳамҷавори минтақа ва ҳамчунин бозбинии наҳваи истифода ва нигоҳубини ин ҷоддаҳаро ҳадаф дорад.

Марҳилаи аввали ББВРИ дар Қирғизистон амалӣ шуда дар бозсозии ҷоддаҳои наздимарзӣ дар вилояти Ботканд дар марз бо Тоҷикистон тамаркуз шудааст. Бад ин манзур БҶ дар апрели соли 2014 ба Қирғизистон $45 миллион ихтисос дод.

Марҳилаи дуввуми ин барнома бозсозии ҳудуди 70 километр ҷоддаҳои наздимарзӣ дар вилояти Суғдро дар бар мегирад, ки иртиботот бо ҷоддаҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро таъмин мекунад.

Аз ҷумла, манотиқи зерин матраҳ аст: Кучкак — Ким — Исфара — нуктаи гузаргоҳи марзии "Гулистон" (45,1 км), Деҳмой — Пролетарск — нуктаи гузаргоҳи марзии "Маданият" (16,9 км), бо шумули роҳ то терминали роҳи оҳани Пролетарск ва Конибодом — нуктаи гузаргоҳи марзии "Патар" (5,7 км).

Мавзуъ

БҶ барои бунёди роҳи оҳан ба Ӯзбакистон $195 миллион медиҳад
Барчаспҳо:
инҳисор, ихтисоси 45 миллион доллар, БҶ, Патрисия Виверс-Картер, Маданият, Деҳмой-Пролетарск, Кучкак-Ким-Исфара, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ