05:59 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Зан ва мошин

БДА бахшида ба 8 март озмуни “Авто-Бону-2015”-ро эълон кард

© Flickr/ Martin de Witte
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Дар озмун занон ва духтароне иштирок карда метавонанд, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз як сол бошад ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ба муносибати «Рӯзи Модар» ва солимии оила Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ  озмуни «Авто-Бону-2015»-ро баргузор менамояд, менависад сойти ВКД ҶТ.

Озмун аз 3-юм то 13-уми марти соли 2015, дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Озмун аз рӯи панҷ давр гузаронида мешавад: қатори автомобилҳои озмуни «Авто-Бону-2015»,  «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), мусобиқаи «Донандагони Қоидаи ҳаракат дар роҳ», рондани автомобил дар автодром ва «Ёрии аввалияи тиббӣ».

Ба қавли манбаъ, дар озмун занон ва духтароне иштирок карда метавонанд, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз 1 сол бошад ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд.

Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин, иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Барчаспҳо:
бонувони мошиндор, соҳибони нақлиёт, бахшида ба 8 март, озмуни "Авто-Бону-2015", ВКД ҶТ, БДА, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ