Ҳавопаймо бо нерӯи хуршедӣ давраи севвуми парвози ҷаҳониро оғоз кард

© AP / Denis Balibouse,PoolSolar Impulse 2. Акс аз бойгонӣ
Solar Impulse 2. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масири ояндаи парвози ҳавопаймои Solar Impulse 2, ки аз шаҳри Аҳмадободи Ҳинд ба шаҳри Варанси парвоз кард, аз Мандалай (Мянма) ва шаҳрҳои Чунтсин ва Нанкини Чин мегузарад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳавопаймои Solar Impulse 2, ки барои парвоз аз баттареяҳои офтобӣ ё нерӯи хуршедӣ истифода мекунад, субҳи рӯзи чаҳоршанбе аз шаҳри Аҳмадободи Ҳинд парвоз карда давраи севвуми парвози ҷаҳонии иборат аз 12 давраро оғоз кард ва ба шаҳри Варанаси дар шимолу шарқи кишвар равон аст, хабар миедиҳад РИА Новости.

Ба иттилоъи шабакаи телевизионии India TV News менависад хабаргузорӣ, парвози ҳавопаймои Solar Impulse 2 аз Аҳмадобод соати 07.15 вақти маҳаллӣ (06.45 дшб) оғоз шуд. Интизор меравад ҳавопаймо дар шаҳри Варанаси ҳудуди ҳашт соат қарор хоҳад дошт. Қаблан тасмим шуда буд, ки парвоз 15 март сурат мегирад, вале ба далели номусоидии вазъи ҳаво парвоз ба се рӯз ба таъвиқ дароварда шуд.

Баъд аз Ҳинд ҳавопаймо бояд ба Мандалай (Мянма), Чунтсин ва Нанкин (Чин) парвоз кунад. Сипас Solar Impulse 2 аз фарози уқёнуси Ором бо таваққув дар Гавайя дар Финикс ва Ню-Йорк фуруд меояд. Баъд аз убури фарози уқёнуси Атлантик ҳавопаймо дар Аврупои Ҷанубӣ ё Африқои Шимолӣ таваққуф карда ба Абу-Даби бармегардад. Парвози ҷаҳонӣ панҷ моҳ тӯл хоҳад кашид.

Дарозии қанотҳои ҳавопаймои Solar Impulse 2 ҳудуди 72 метр буда вазнаш ба 2,3 тонна мерасад. Қаноти яклухти ҳавопаймо аз 17,2 ҳазор батареяҳои хуршедӣ иборат аст, ки барои кори муҳаррикҳои васоили парвоз нерӯи барқ медиҳанд. Суръати ҳадди ақали парвози ҳавопаймо 140 километр дар як соат аст.

Ҳамчунин ҳавопаймо барои парвозҳо дар вазъи мухталифи ҳавоӣ, аз ҷумла барои убур аз фазои абролуд, омода шудааст. Ҳамзамон Solar Impulse 2 метавонад аз манотиқи раъду барқ низ убур кунад, зикр карданд дар ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо бо нерӯи хуршедӣ 7 апрели соли 2010 сурат гирифт. Он замон Solar Impulse дар фазо ҳудуди 75 дақиқа парвоз кард. Дар моҳи майи соли 2013 Solar Impulse бидуни таваққуф 26 соат парвоз карда 1,5 ҳазор километр масофаро тай кард.

Лентаи хабарҳо
0