03:03 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Фурудгоҳ: дар сурати гармии бештар ҷадвали парвозҳо тағйир меёбад

© Sputnik
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Сухангӯи фурудгоҳ гуфтаас, ҳоло фурудгоҳ ба фаъолияти муътадили худ идома медиҳад, аммо ҳамаи техника барои гармии бештар дар ҳолати омодабош қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар сурати аз меъёр зиёд шудани гармии ҳаво, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазнро шабона ё дар соатҳое ба роҳ мемонад, ки ҳарорат муътадил аст, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтааст, аэродром ё қисми дохили фурудгоҳ, ки ба ҳавопаймоҳо хизмат мерасонад, майдони васеи бе дарахт аст ва дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад.

"Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад", — гуфтааст ҷаноби Шодиев.

Мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад.

"Аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат муътадил мешавад ё шабона сурат мегирад", — илова кардааст сухангӯи фурудгоҳ.

Вай афзудааст, феълан фурудгоҳ фаъолияти муътадил дорад, ҳич дигаргуние дар ҷадвали парвоз ва ё нишасти ҳавопаймоҳо ворид нашудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, фурудгоҳ, бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Барчаспҳо:
омодабош, фаъолияти муътадил, гармии ҳаво, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Муҳаммадюсуфи Шодӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ