20:58 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
ҶСК Тоҷик Эйр

“Тоҷик Эйр” пешсафи ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ аст

© Фото: Пресс-служба ОАО "Таджик Эйр"
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равонро баргузор кард ва дар он ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» пешсафи бозори ҳамлу нақли мусофирону боркашонӣ эълом гардид.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар фурудгоҳи Душанбе тайи шаш моҳи соли 2015 ба 528 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ФБД.

"Наздик ба 30% хизматрасонӣ ба мусофирон ба ширкати ҳавопайми «Тоҷик Эйр» таалуқ дошта, он 826 парвози рафтуомад анҷом додааст",-омадааст дар хабари манбаъ.   

Ҳаҷми умумии интиқоли бор ба 1,5 ҳазор тонна баробар гардида, аз он 428,4 тоннааш ба ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" рост меояд.

Саҳмияҳои "Тоҷик Эйр" 100% марбути ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Ин ширкат дар маҷмӯъ 17 ҳавопаймои хурду бузург дорад, ки аз онҳо 12-тоаш мавриди истифода қарор доранд. Боқимонда 25 ҳавопаймои дигар (асосан истеҳсоли шӯравӣ) мебошанд ва дар таваққуфгоҳ нигоҳ дошта мешаванд.

Барчаспҳо:
ҳавопаймоҳо, пешсаф дар бозор, мусофиркашонӣ, ҳамлу нақли бор, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ҶСК "ФБД", ҶСК "Тоҷик Эйр", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ