13:16 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
610

Дар роҳҳои Тоҷикистон дар ду рӯзи охир бар асари садамаҳои нақлиётӣ 2 нафар кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар ду рӯзи охир дар пайи садамаҳои нақлиётӣ 2 нафар кушта шудааст, менависад сомонаи ВКД.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 17 август ронандаи автомашинаи "ГАЗ-53", марди 47-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба тарафи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Қӯрғонтеппа"-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 7-сола, аз деҳаи Коммунизмро пахш намудааст.

"Дар натиҷа писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", — менависад сомона.

Манбаъ меафзояд, як рӯз қабл аз ин, 16 август, "ронандаи автомашинаи "ВАЗ-2106", марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент, аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Панҷакент-Айнӣ", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 49-солаи сокини деҳаи Сучинаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст".

Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Барчаспҳо:
2 нафар, шаҳрвандон, нақлиёт, ҳалокат, садама, ВКД, Абдураҳмони Ҷомӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ