Қирғизистон воридшавии молу колоро аз Чин ба Тоҷикистон манъ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМарзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интиқоли молу коло бо роҳи дароз таъсири худро ба арзиши маҳсулоти воридшаванда мегузорад, масалан, тариқи масири Қулма - Карамик масофа ҳамагӣ 787 километр аст, аммо тавассути Қулма- Хоруғ - Душанбе 1187 километр, яъне 400 км роҳи тӯлонитар.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тоҷикистон дигар наметавонад молу колои худро тавассути гузаргоҳи марзии Иркештам, ки дар сарҳади Чин бо Қирғизистон вокеъ аст ва роҳи наздиктарин маҳсуб меёбад, интиқол бидиҳад, менависад хабаргузории Озодагон бо такя ба суханони масъули баландпояи Вазорати нақлиёт.

Қазоқистон ва Қирғизистон назорати гумрукӣ дар марзро лағв карданд

"Аз 14-уми августи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Қирғизистон аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди гумрукӣ гардид ва шурӯъ аз ҳамон сана дар нуқтаи сарҳадии Иркештам, ки дар сарҳади Чин ва Қирғизистон воқеъ аст, интиқоли молу маҳсулоти давлатҳои аъзои ин иттиҳод набуда ба сарҳади кишварҳои шомили ин иттиҳод иҷозат дода намешавад",- иброз доштааст сарпдори раёсати роҳи заминии вазорати мазкур Қурбон Саидов.

Ба қавли ӯ, ин боиси он гардид, ки Тоҷикистон дигар борҳои худро тавассути ин сарҳад гузаронида наметавонад.

ВАО: ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шудани ҶТ ногузир аст

Дар ҳоли ҳозир, нақлиётчиён барои интиқоли молу коло аз роҳи Қулма тавасути Мурғоб, Хоруғу Кӯлоб истифода мебаранд. Интиқоли молу коло бо роҳи дароз таъсири худро ба арзиши маҳсулоти воридшаванда мегузорад.

Масофаи роҳ тариқи Қулма — Карамик масофа ҳамагӣ 787 километр аст, аммо тавассути Қулма- Хоруғ — Душанбе 1187 километр, яъне 400 км роҳи тӯлонитар.

Сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт гуфт, бо далели харобшавии роҳҳо шумораи воситаҳои нақлиётие, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешуд, ба маротиб кам гардид, ки ин ҳам ба иқтисоди кишвар бетаъсир намемонад.  

Лентаи хабарҳо
0