21:18 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Деҳаи Поймазор дар ноҳияи Ванҷ (ВМКБ)

Бунёди пули мошингузар дар рустои Потови ноҳияи Ванҷ

© Sputnik
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Ширкати мавсум ба “Сафарӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ин пули мошингузарро ба зимма дошта, то имрӯз зерпояҳои ҳар ду ҷониби соҳилро бунёд кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Барои бунёди ин пул, ки аз болои дарё сохта мешавад ва рустои Потовро бо деҳаҳои дигар мепайвандад,  дар маҷмӯъ 5 миллион сомонӣ зарур аст, иброз дошт раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова аснои суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Sputnik.

Бону Раҷабова афзуд, корҳои ободонӣ ду сол боз дар пули мошингузари деҳаи Потови ҷамоати деҳоти Ҷовидон идома дошта, бунёди онро сокинон дар соли 2010 аз раисҷумҳур ва ҳукумати кишвар тақозо намуда буданд.

Ҳамин тавр, умури сохтмонӣ дар пули мошингузар моҳи августи соли 2014 оғоз гардида, бо ҷудо шудани маблағ сохтмончиён тавонистанд пойдевори тарафи чапи соҳили рӯдхонаро ба анҷом расонанд. Соли равон барои идомаи кор 349 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои пулсозӣ дар тарафи чапи соҳил анҷом ёфт.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳоло техникаи зарурӣ ба кандани зерпояи сутуни дуюми пул машғул буда, то имрӯз маблағҳои  ҷудошуда пурра масраф гардидаанд.

"Тибқи лоиҳа барои ба истифода додани пули деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ бояд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардад. Пулсозон то ба имрӯз аз маблағи пешбинишуда беш аз 812 ҳазор сомониро дар корҳои пулсозӣ харҷ кардаанд",- афзуд раиси ноҳия.

Дар ҳоли ҳозир ба гирду атрофи пул 720 метри куб сангҳои калон оварда, зерпояҳои он мустаҳкам шудаанд.

Ширкати мавсум ба "Сафарӣ"-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ин пули мошингузарро ба зимма дошта, ба иттилоъи муҳандисон иқтидори пул 10 тонна буда, дарозиаш ба 75 метр баробар аст.

 

Мавзуъ

Президент дар Ванҷ лентаи пули ҷадиди мошингузарро бурид
Барчаспҳо:
сохтмони пул дар Ванҷ, 5 миллион сомонӣ, купруксозӣ, бунёди пул, ҳукумати ноҳияи Ванҷ, ҶДММ "Сафарӣ", Давлатбибӣ Раҷабова, Ҷовидон, Потов, Ванҷ, ВМКБ, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ