06:54 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ . Акс аз бойгонӣ

Ваколатнома: дар Русия 2 рубл, дар Тоҷикистон 600 сомонӣ

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
217 0 0

Болоравии ваколатнома барои автомашинаҳо ронандагони тоҷикро сахт нигарон кардааст.

Шурӯъ аз 26 ноябри соли равон бар пояи тағйиру иловаҳо ба "Қонуни ҳаракат дар роҳ", нархи ваколатнома барои иҷозаи рондани васоили нақлия аз 80 сомонӣ то 600 сомонӣ баланд бардошта шуд.

Хабарнигори Sputnik дар робита ба ин мавзӯъ бо чанд ронандаи шаҳри Душанбе суҳбате анҷом дод. Аксари онҳо аз боло рафтани нархи ваклотнома нигаронӣ карданд.

Таври мисол, ронандаи мусофиркаши хатсайри №44, Салим Нуруллоев, ки нақлиёташро тариқи ваколатнома идора мекунад, бо изҳори норозигӣ мегӯяд, нархи ваколатнома, ки боло шуда бошад, табиист, ки арзиши боҷҳои дигар низ боло меравад.

"Ҳайронам чӣ кор кунам, муҳлати ваколатномаам моҳи оянда тамом мешавад, 600 сомонӣ аз куҷо меёбаму тамдид мекунам. Ҳоло бо ин нархҳо 4 балон (чарх-шарҳ аз идора) харида наметонем, халқ аз қуҷо ин қадар пулро меёбад. Шояд бо роҳи баланд бардоштани нархи ваколатнома ҳукумат маоши кормандони БДА-ро баланд бардоштан хоҳад",- бо таасуф иброз дошт Салим Нуруллоев.

Ҳайрати ронанда: аз 2 рубли русӣ ва 600 сомонӣ!

Ҳамсуҳбати дигари мо ронандаи хатсайри №18, ки тӯли 47 сол мешавад аз паси ин касб зиндагиашро пеш бурда, мусофирбареро ба иҷора гирифта бо ваколатнома меронад, аз шунидани боло бардоштани нархи ваколатномаҳо хеле ғамгин шуд. Қудбиддинов Абдулло изҳор дошт, ки бештари ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш бо ваколатнома кор мекунанд, ба ҷои паст кардани нархи он ба ин қадар нархи осмонӣ бардоштаанд.

Абдулло Кудбиддинов, водитель маршрутного такси
© Sputnik
Қудбиддинов Абдулло ронандаи хатсайри №18

"Намедонам ин нархҳои осмониро аз куҷо пайдо мекунанд. Ду соат мешавад дар навбат истодаам. Аз як самт 10 мусофир барам, 10 сомонӣ мешавад, аз куҷо барои як ваколатнома мо ин қадар маблағ пайдо мекунем. Ба ҷое, ки аз 80 сомонӣ камтар кунанд, боз боло мебардоранд… Ҳамин қадар ба буҷаи давлат маблағ ворид мекунем, кам будаст, ки боз ваколатномаро гарон карданд",- афзуд Абдулло Қудбиддинов.

Ронандаи дигаре, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки чанд сол дар Русия фаъолият намуда барои гирифтани ваколатнома танҳо 2 рубл супоридаст.

"Дар Русия бо соҳиби автомашина рафта, ройгон ваколатнома мегирӣ. Барои ҳуҷҷат 2 рубл месупорӣ, тамом. Дар Тоҷикистон бошад, барои патент, иҷозатнома, муоинаи техникӣ, андоз, санади экология, муоинаи тиббӣ, наворбардорҳо маблағ месупорӣ, ба болои ин барои ваколатнома 600 сомонӣ супорем? Бе ҳамин ҳам аҳволи мардум бад аст, аз қуҷо ин қадар маблағ меёбем",-қайд кард ӯ.

Ҳадаф аз ислоҳот бар бораи боло бурдани нархи ваколатномаҳо, ин коҳиш додани хариду фурӯши мошинҳо тариқи ваколатномаҳо гуфта шудааст.

Барчаспҳо:
гарон, Қонуни ҳаракат дар роҳ, болоравии нарх, ваколатнома, боҷ, нарх, иҷозатнома, ронанда, Қудбиддинов Абдулло, Нуруллоев Салим, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ