00:56 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Терминали нави Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе

Ба терминали Фурудгоҳи Душанбе танҳо парвозкунандагон ворид мешаванд

© Sputnik
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Дар робита ба чораҳои нави амниятӣ гуселкунандагон ва пешвозгирандагонро ба дохили толори интизорӣ иҷозат намедиҳанд.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тайи як моҳи охир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қонунҳои нав амал мекунанд: гуселкунандагон ва пешвозгирандагонро намегузоранд вориди толори интизорӣ шаванд ва далели ин ҳам чораҳои нави амниятӣ гуфта мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои дохилӣ.

Масъулони амниятии фурудгоҳ танҳо онҳоеро ба дохил иҷоза медиҳанд, ки дар даст чипта доранд ё барои харидории чипта вориди бино мешаванд.

Дар назди даромадгоҳи терминал мардуми зиёд истодааст, ки баъзеҳо хешовандон ё наздикони худро интизоранд, баъзеи дигар шарикони тиҷоратиашонро.

Тасмими нав аз он ҷиҳат мардумро нигарон кардааст, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе на ҳамеша дар соати муайяншуда анҷом мешаванд ва мусофирону наздиконашон маҷбуран соатҳо мунтазири соати парвоз бимонанд.

Кормандони Фурудгоҳи байналмилалӣ тасдиқ карданд, ки дар моҳҳои ахир чанд тағйирот дар қойдаҳои нави амниятӣ ворид шудааст.

Сухангӯи ширкати "ТоҷикЭйр" Мунаввар Муллочаев мегӯяд ин тасмим пеш аз ҳама ба манфиати худи мусофирон ва наздиконашон бошад.

Инчунин ӯ суқути ҳавопаймои Русия дар Шарқи Наздикро ёдовар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли ҷорӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар якҷояги бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар чораҳои амниятиро тақвият доданд.

Ба иттилои манбаъ назорат аз амнияти фурудгоҳ воқеан ҳам ҷиддитар шуд ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷиноят дар фурудгоҳ чораандешӣ мекунанд.

Бузургтарин фоҷеа дар таърихи ҳавопаймоии Русия ва авиасияи Шӯравӣ 31 октябри соли равон рух дод, ки бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабон дар Синойи Миср ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати русии "Когалимавиа" буд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

Барчаспҳо:
тақвият, амниятӣ, назорат, парвоз, иҷозат, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, Мунаввар Муллочаев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ