Дар интизори “ГАЗ”: Тоҷикистон автобусҳои Русияро мехарад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМикроавтобусщои насли NEXT дар ширкати "Группа ГАЗ"
Микроавтобусщои насли NEXT дар ширкати Группа ГАЗ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон мехоҳад автобусҳои истеҳсоли ширкати русиягии “ГАЗ”-ро харидорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости автобусҳо ва маршруткаҳои ширкати "ГАЗ" дар ояндаи наздик дар кӯчаҳои Тоҷикистон пайдо мешаванд.

Губернатори вилояти Нижегород Валерий Шантсев зимни баромад дар форуми Сармоягузорӣ дар Сочи қайд намуд, ки кишварҳои ИДМ шарикони асосии ширкати "ГАЗ" мебошанд.

“ГАЗ”-и Русия ба Тоҷикистон меравад

Губернатор зимни суханронӣ гуфт, "мо  ба кишварҳои ИДМ зуд зуд сафар мекунем. Асосан  созишномаҳои ҳамкориро бо ҳамин кишварҳо мебандем. Аз муносибатҳои иқтисодӣ дида, алоқае зичтар нест. Чанде қабл мо дар Тоҷикистон будем. Тоҷикистон дар соли 2017 бозори самарабахш хоҳад буд".

Ба қавли ӯ дар кишварҳои пасошӯравӣ мошинҳои ширкати "ГАЗ"-ро хуб дар ёд доранд. Аз ин рӯ бе мамоният бо Русия ҳамкорӣ мекунанд.

"Дар Тоҷикистон "ГАЗ"-ро интизор ҳастанд. Чун дар ин кишвар мардум ба техникаи ширкати "ГАЗ" ҳунӯз аз даврони советӣ, чун маҳсулоти қулай, боэътимод ва муфид шинос ҳамтанд.

Қабл аз ҳама онҳо ба "Газел", автобусҳо ва мошинҳои боркаш таваҷҷӯҳ доранд".

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Валерий Шантсев вохӯрда, оиди харидории техника, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳо барои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шартнома имзо карда буд.

Лентаи хабарҳо
0