04:08 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
75152

Пештар агар хоруғиён барои рафту омад аз маҳаллаи ГЭС то Боғи гиёҳшиносӣ 1 сомонӣ ва сипастар 1 сомониву 50 дирам пардохт мекарданд, имрӯз токсиронҳо аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Яке аз корбарони фаъоли Фейсбук аз шаҳри Хоруғ дар гурӯҳи фейсбукиаш навиштааст, ки "агар нархи роҳкиро дар Хоруғ 2 сомонӣ шавад, мардуми деҳа дигар ба марказ намеоянд".

Ин сокини шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикикстон гуфт, ки воқеъан токсиронҳо аз мардум 2 сомонӣ талаб доранд ва далели афзоиши кирояро гарон шудани арзиши сӯхтвора мегӯянд.

"Онҳо мегӯянд, ки қиммати ҳама колоҳо гарон шудааст, қиммати сӯзишворӣ низ ҳамчунин. Мо наметавонем бо ҳамин нархи пешин ронандагӣ кунем. Мо ҳам зиндагӣ дорем", — гуфт вай аз қавли токсиронҳои шаҳри Хоруғ.

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати ВМКБ, дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik  Тоҷикистон гуфт "ин амали ронандагон худсарона буда, гарон шудани кироя расман таъйид намешавад. Шаҳрдории Хоруғ барои пешгирӣ аз худсарии ронандагон дар нархгузорӣ чораҷӯӣ дорад ва дар назар аст, ки  фардо ин масъала дар ҷаласаи шаҳрдорӣ бо ширкати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед баррасӣ шавад".

Вай афзуд, ки имрӯз коргурӯҳи махсусе ташкил шуда, ки бо ронандагон дидору гуфтугӯ доранд.

  • Нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хоруғ
    Нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хоруғ
    © Фото : Максуд Гаёсов
  • Токсиҳо дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Хоруғ
    Токсиҳо дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Хоруғ
    © Фото : Максуд Гаёсов
  • Кирояи токсӣ дар шаҳри Хоруғ 2 сомонӣ шуд
    Кирояи токсӣ дар шаҳри Хоруғ 2 сомонӣ шуд
    © Фото : Максуд Гаёсов
1 / 3
© Фото : Максуд Гаёсов
Нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хоруғ
Барчаспҳо:
токсӣ, кироя, 2 сомонӣ, роҳкиро, Нилуфар Асламшоева, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ