18:06 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Ҳавопаймои ширкати ЮТэйр

Мамнуъияти парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон аз 6 апрел иҷроӣ мешавад

© Sputnik / Игорь Зарембо
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
6002

Ширкатҳои ҳавопаймоии русии “Уральскии авиалинии” ва “ЮТэйр” ночоранд аз рӯзи панҷшанбе 6 апрел парвозҳояшонро ба Тоҷикистон маҳдуд кунанд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. РИА Новости дар бораи иҷроӣ шудани маҳдудиятҳои ҷорикардаи Вазорати таробарии Тоҷикистон нисбат ба парвозҳои ин ду ширкати русӣ хабар медиҳад.

Бино ба ин гузориш, ҳафт парвози ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон аз соати 05:30 6 апрел лағв мешаванд.

"Ин маҳдудият  дар посух ба тасмимоти Вазорати таробарии Русия ҷорӣ мешавад, ки чанде пеш ҳафт парвози "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ва Душанбе ба Маскавро лағв кард", — тавзеҳ додааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Ёдовар мешавем, ки баҳсҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия пас аз лағви парвозҳои "Сомон Эйр" ба Маскав оғоз шуданд.

Мавзуъ

Хисороти молии "Сомон Эйр" дар мавсими муҳоҷират
Барчаспҳо:
лағви парвоз, ширкатҳои ҳавоии Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ