Натоиҷи музокироти ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Русия 8 апрел маълум мешаванд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинВазорати нақлиёти Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати вазорати таробарии Тоҷикистон имрӯз ба Маскав мерасад, то 7-8-уми апрел бо ҳамкорони русашон музокирот кунад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳайъати вазорати таробарии Тоҷикистон имрӯз ба Маскав мерасад ва музокирот бо тарафи русӣ 7-8-уми апрел баргузор хоҳанд шуд.
Бино ба гузориши равобити умумии вазорати таробарии Русия, музокирот бо ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон 7 — 8-уми апрел баргузор мешаванд.

"Мо аз вазорати таробарии Тоҷикистон хабар гирифтем, ки онҳо ду рӯз — 7-8-уми апрел дар Маскав монда, бо мо дар гуфтушунид мешаванд", — гуфт манбаъ дар вазорати таробарии Русия.

Пештар манбаъи РИА Новости хабар дода буд, ки Тоҷикистон тасмимоташ дар бораи лағви парвозҳои ширкати "Уральских авиалиний"  ва "ЮТэйр"-ро иҷроӣ накардааст.

Лентаи хабарҳо
0