Парвози “Сомон Эйр” аз Екатеринбург ба Душанбе лағв шуд

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвоз бояд рӯзи якшанбе, 21-уми май соати 14:10 бо вақти маҳаллӣ сурат мегирифт. Аммо он то рӯзи дигар соати 17:30 лағв шуд

ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Парвози ширкати "Сомон Эйр" аз Екатеринбург ба Душанбе бештар аз як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Мусофирон дар меҳмонхона ҷой дода шудаанд.

Бино бар барнома, парвоз бояд рӯзи якшанбе 21-уми май сурат мегирифт. Аммо торихи парвозро 22-уми май соати 17:30 муайян карданд.

"Мусофирон дар меҳмонхона ҷой дода шудаанд. Намояндаи ширкат вазъро ба мусофирон тавзеҳ додааст", — гуфтааст яке аз кормандони ширкат ба хабаргузории РИА Новости.

Вай ҳамчунин таъкид карда, ки парвоз ба далели "омодасозии ҳавопаймо" лағв шудааст.

Ин парвоз бояд 87 мусофирро ба мақсад бирасонад.

Лентаи хабарҳо
0