18:30 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
11202

Ширкати ҳавоии “Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” тасмим гирифтааст, ки минбаъд парвозҳоро ба масири Тошканд- Душанбе-Тошканд ҳафтае як маротиба амалӣ кунад

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тавре корманди Шӯъбаи маълумотдиҳии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Мадинабону Холова ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, парвозҳои ширкати мазкур ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе  сурат ҳоханд гирифт.

"Парвозҳои ширкати "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон" мубоширатан аз рӯзи сешанбе ҳафтае як маротиба амалӣ мешаванд,- гуфт вай.

Тавре манбаъ афзуд, далели кам шудани шумораи парвозҳо камбуди мусофир аст.

"Чуноне ки худи мусофирон мегӯянд,  нархи роҳкиро барояшон гаронӣ мекунад", — қайд кард хонум Холова.

Ба гуфтаи вай маъмулан  дар як хатсайр то 55-60 мусофир сафар мекунанд, ки ин барои ширкати узбакӣ муфид нест.

"Аз ҳамин сабаб, минбаъд ширкат ҳафтае як маротиба парвоз анҷом хоҳад дод",- илова намуд намояндаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Ёдовар мешавем, саранҷом пас аз 25 сол ширкати мусофирбарии "Роҳҳои ҳавоии Узбакистон", 11 апрел парвоз ба кишвари ҳамсояро аз сар гирифит.

Парвозҳо ба Тошканд ҳафтае ду маротиба сурат мегиранд. Рафту омадҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буданд.
Барчаспҳо:
мусофир, парвоз, даромад, "Ӯзбекистон ҳаво йуллари", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ