14:59 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
13910

Бахше аз шоҳроҳи "Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ" таъмир хоҳад шуд. Аз будҷаи вилояти Суғд барои он 5 милюн сомонӣ ҷудо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Хабаргузории СМ-1 ба нақл аз Идораи сохтмонии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, таъмири қисме аз шоҳроҳи "Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ", ки аз ҳудуди маркази маъмурии вилояти Суғд мегузарад, оғоз шуд.

Бино ба иттилоъи Идораи сохтмони вилоят таъмири куллии роҳ 3-уми июл оғоз шуда ва дар ду моҳ пурра ба анҷом мерасад.

Аз будҷаи вилояти Суғд барои асфалтпӯш кардани камобеш 7 килуметр аз шоҳроҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 5 милюн сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Таъмир аз назди идораи БДА вилояти Суғд то маҳаллаи 3-уми шаҳрро фаро мегирад, ки қаблан ронандагон бинобар вайрон будани роҳ ва хатари эҷоди садамаҳои нақлиётӣ нигаронӣ мекарданд.

Барчаспҳо:
таъмири роҳ, Идораи сохтмони вилояти Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ