08:28 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
33920

Шоми 5-уми июл ду куштигири номии тоҷик бояд барои ширкат дар сабқати ҷаҳонӣ ба Тайбей мерафтанд, аммо парвоз сурат нагирифту ду варзишгар аз шонси ширкат дар Ҷоми Осиё маҳрум шуданд. “Сомон Эйр” дар номаи расмӣ ба Sputnik Тоҷикистон далоили ин деркардро тавзеҳ дод ва аз мусофирон узрхоҳӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар посух ба номаи расмии Sputnik Тоҷикистон далоили таъхири парвози Душанбе — Дубайро тавзеҳ дод.

Ширкати "Сомон Эйр" дар номааш таъкид кардааст, ки парвози Душанбе — Дубай ба далели  номусоид будани ҳаво (раъду барқ ва тундбод) ба таъхир афтодааст.

"Ду ҳавопаймои ширакати "Сомон Эйр" ки парвозҳои  Москва — Душанбе ва Новосибирск — Душанберо анҷом медоданд, иҷозаи нишаст дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дарёфт накарданд ва ба ночор дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд", — гуфта мешавад дар номаи ширкат.

Ширкати мусофирбарӣ гуфтааст, ки танҳо пас аз муносиб шудани ҳаво ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Душанбе баргаштаанд.

"Мутаассифона, ин пешомад барномаҳои парвоз дар дигар масирҳоро низ ба ҳам рехт. Аз ҷумла парвози Душанбе — Дубай низ 8 соат пас аз вақти муқарраршуда сурат гирифт", — тавзеҳ медиҳад "Сомон Эйр".

"Ширкат аз мусофиронаш аз барои ин нороҳатие, ки "Сомон Эйр" муқассираш набуда, узрхоҳӣ мекунад", — гуфта мешавад дар нома.

Ёдовар мешавем, ки шоми 5-уми июл дар миёни дигар мусофирон ду варзишкори тоҷик — Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов бояд бо парвози Душанбе — Дубай ба Тайбей мерасиданд то дар қаҳрамонии Ҷоми Осиё ширкат кунанд. Аммо иттифоқан ин парвоз 9 соат дертар сурат гирифту ин ду куштигир шонси ширкат дар қаҳрамониро аз даст доданд.

Барчаспҳо:
парвоз, варзишгар, "Сомон Эйр", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ